3 апрели соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Доир ба рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон (СAREC коридори 6)
2. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон (СAREC коридори 6)
3. Дар бораи Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон»
4. Дар бораи лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар хусуси Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Дар бораи Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ –сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6) сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимов Руҳулло Абдуғаниевич дода мешавад.
Руҳулло ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ба муҳокима ва баррасии шумо Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6) ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ- сарҳади Ӯзбекистон (CАREC коридори 6) пешниҳод гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ки онро дар сиёсати давлат Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудааст, тамоми чораҳои заруриро андешида, онҳоро дар амал татбиқ намуда истодааст.
Яке аз соҳаҳои муҳими афзалиятнок ин рушди соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла таҷдиду сохтмони роҳу нақбҳо ва пулҳо мебошад, ки ин аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳойӣ намудани ҷумҳуриро таъмин менамояд.
Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар соҳаи нақлиёт нуҳ лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1,1 млрд.доллари амрикоӣ ё ин ки 5,2 млрд.сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе –сарҳади Қирғизистон марҳилаҳои 2-3 ба маблағи 144,5 млн.доллари амрикоӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода- 166,2 млн.доллари амрикоӣ, Шоҳон –Зиғар марҳилаи 3- 21,9 млн.доллари амрикоӣ, Кӯлоб-Қалъаи Хумб -92,9 млн.доллари амрикоӣ, Душанбе Қулма (қитъаи Данғара) марҳилаи 1-2 -203,1 млн.доллари амрикоӣ, Душанбе – Бӯстон –Чанок (бо дарназардошти нақби Шаҳристон) — 295,9 млн.доллари амрикоӣ, Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ марҳилаи 2 -23,3 млн.доллари амрикоӣ ва дигар лоиҳаҳо мавриди амал қарор доранд.
Танҳо дар давоми соли 2012 ба иқтисодиёти кишвар 1,6 млрд.сомонӣ маблағҳои грантию қарзӣ ҷалб гардиданд, ки аз он 950,0 млн.сомонӣ ё 60,0 фоизашон барои рушд ва таҷдиди роҳҳои автомобилгард равона карда шудааст, аз ҷумла 474,0 млн.сомонии он маблағҳои қарзӣ ва 476,0 млн.сомониаш маблағҳои грантӣ мебошанд.
Яке аз лоиҳаҳои барои иқтисодиёти кишварамон аҳамияти муҳимдошта ин лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи Айнӣ-Панҷакент –сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон (CАREC коридори 6) мебошад, ки он азнавсозии роҳи духатаи нақлиётии Айнӣ-Панҷакент бо масофаи 113,6 км то сарҳади Ӯзбекистон бо паҳнои 12-15 метр ва роҳҳои ҳаракати чорхатаи нақлиётии дохили шаҳри Панҷакентро бо паҳнои 20 метр дар бар мегирад.
Дар ҳудуди ин шоҳроҳ барқароркунии 31 адад кӯпрукҳо бо дарозии 884 метр, таъмири роҳҳои маҳаллӣ 60 км, инчунин беҳтар намудани инфраструктураи дидбонгоҳи гумрукии «Саразм» дар сарҳад, хариди техника ва таҷҳизоти нигоҳдории роҳҳо дар назар дошта шудааст. Ин ҳама дар муҳлати чор сол бояд ба истифода дода шаванд.
Мувофиқи ҳисобҳо барои татбиқи ин лоиҳа – 136,0 млн.доллари амрикоӣ ҷалб мегардад, ки аз ин 100 млн. доллари амрикоӣ аз ҳисоби Бонки Осиёии Рушд ҳамчун грант, 14,0 млн.доллари амрикоӣ аз ҳисоби Фонди ОПЕК қарзи имтиёзнок ба муҳлати 20 сол, давраи имтиёзнок -5 сол, бо меъёри фоизи солона -2,5 фоиз ва 22,0 млн.доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ зиёда аз 77 механизму таҷҳизоти гуногуни роҳсозӣ сафарбар, 120 нафар мутахассисон ва коргарон, аз ҷумла 40 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Сохтмони роҳи мазкур имконият медиҳад, ки арзиши аслии боркашонӣ ва хароҷоти нақлиётӣ дар самти Панҷакент ва Айнӣ паст гардида, деҳоти дар шафати роҳ ҷойгиршуда боз ҳам рушд ёбанд, яъне роҳи мазкур ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ин минтақаҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар баробари ин, қад- қади роҳи мазкур корхонаҳои нав, аз ҷумла нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, меҳмонхонаҳо, мағозаҳо, иншооти соҳаи туризм ва ғайра сохта шуда, мавриди истифода қарор мегиранд.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Катаев Амир Ҳабибович дода мешавад.
Амир КАТАЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ-сарҳади Ӯзбекистон (САREC коридори 6), ки 2 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2013 таҳти №1769 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ – сарҳади Ӯзбекистон (CAREС коридори 6) аз 7 модда иборат буда, маблағи он 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа корҳои зерин бояд ба анҷом расонида шаванд:
а) барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳи лоиҳавӣ;
б) баланд бардоштани дараҷаи бехатарии ҳаракат дар роҳ бо роҳи таҳия намудани нақшаи миллии амалиёт ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, санҷиши бехатарии роҳи лоиҳавӣ;
в) беҳтар намудани инфрасохтор дар гузаргоҳи сарҳадии Саразм;
г) рушди ҷамъиятӣ, беҳтар намудани роҳҳои фаръӣ, сохтмони иншооти таъмини ҷамъиятӣ ва рушди соҳибкорӣ.
Пешбинӣ мешавад, ки лоиҳаи мазкур 31 марти соли 2016 ба анҷом мерасад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ – сарҳади Ӯзбекистон (CAREС коридори 6)-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 28 марти соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Созишномаи грантии (Амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ – сарҳади Ӯзбекистон (CAREС коридори 6)-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Созишномаи грантии мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Вобаста ба масъалаи навбатӣ – «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ – сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6)» муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Руҳулло ҲАКИМОВ гузориш дод.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амир Катаев дар баромади худ зикр кард, ки Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Айнӣ – сарҳади Ӯзбекистон (CAREC коридори 6) аз 3 модда иборат буда, маблағи он 14 млн. доллари ИМА муайян карда шудааст.
Фоизи қарз 15 фоиз дар як сол мебошад ва пардохти хизматрасонӣ бояд ҳар як нимсола 15 май ва 15 ноябр ба Фонди ОПЕК гузаронида шавад (аз соли 2017 то соли 2032).
Мақсади асосии лоиҳаи мазкур беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, инчунин кам кардани хароҷоти нақлиёт оид ба барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои байни ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент то сарҳади Ӯзбекистон иборат мебошад.
Инчунин лоиҳа боиси фароҳам сохтани имконот барои бокортаъминкунӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии минтақаи мазкур мегардад.
Дар лоиҳа азнавсозии нуҳ кӯпрук (бо дарозии аз 20 то 50 метр) ва барқарорсозии ҳаждаҳ кӯпрук (бо дарозии камтар аз 20 метр) ба назар гирифта шудааст.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» сухан ба вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуриддин Саидович дода мешавад.
Нуриддин САИДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!
Соҳаи маориф муҳимтарин самти ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳсуб шуда, аз ҷониби роҳбарияти кишвар ҳамчун самти афзалиятнок ва пешбарандаи иқтисоди миллӣ шинохта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки вобаста ба супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷоннок намудани фаъолияти муассисаҳои ибтидоии касбӣ, кушодани ихтисосҳои нав, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат дар назди ин муассисаҳо, омода ва чоп намудани дастурҳои методӣ ва таълимӣ барои устодон, мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникии муассисаҳо, муайян кардани самтҳои рушди муассисаҳои мазкур корҳои муайянеро ба анҷом расонид. Аз ҷумла соли 2012 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2013-2020 таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ба литсейҳои техникӣ табдил ва дар базаи чор муассиса коллеҷҳои техникӣ таъсис дода шуданд. Омода намудани лоиҳаи «Барномаи омӯзиши касбӣ – техникӣ бо мақсади паст намудани сатҳи камбизоатӣ» ва бо ин мақсад ҷалб намудани маблағи Бонки Исломии Рушд низ аз идомаи ҳамин фаъолиятҳо ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 63 литсейи касбӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо 23 000 нафар хонанда аз рӯйи 98 тахассус ба касбомӯзӣ машғул мебошанд. Ҳамасола муассисаҳои мазкурро 10-12 ҳазор нафар хатм мекунанд. Қисме аз хонандагон бо хобгоҳ ва хӯроки гарми яквақтаи ройгон таъмин карда мешаванд. Муассисаҳои мазкур дар тамоми минтақаҳои кишвар вуҷуд дошта, манбаи асосӣ ва нисбатан арзони омода намудани касбҳои коргарӣ, махсусан барои муҳоҷирони меҳнатӣ маҳсуб мешаванд. Бо истифода аз иқтидори муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, марказҳои омӯзиши калонсолон ва дигар муассисаҳои хусусӣ дар соли 2012 курсҳои кӯтоҳмуддатро зиёда аз 100 ҳазор нафар хатм намуда, соҳиби сертификат шуданд, ки ин барои соҳибкасб шудани муҳоҷирони меҳнатӣ аҳамияти калон дорад.
Соли 2013 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таснифгари ихтисосҳо барои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тасдиқ гардид, ки дар он на танҳо талаботи бозори меҳнати дохилӣ, инчунин талаботи бозори меҳнати Қазоқистон, Федератсияи Россия, Украина, Беларус, давлатҳои назди Балтик ва Аврупо ба инобат гирифта шудааст. Алҳол дар Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, таҳияи нақшаҳои барномаҳои таълимӣ вобаста ба ихтисосҳое, ки нисбати онҳо дар давлатҳои мазкур талабот вуҷуд дорад, оғоз гардидааст.
Душвории асосии дар самти таҳсилоти ибтидоии касбӣ, пеш аз ҳама таъмирталаб будани биноҳои таълимӣ, устохонаҳову хобгоҳҳо, норасоӣ, кӯҳна шудани лавозимот ва таҷҳизоти таълимӣ -истеҳсолӣ мебошад. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар байни ҷавонон ва махсусан занони сокинони деҳот тавассути баланд бардоштани малакаи касбӣ ва васеъ намудани имконияти фаъолияти корӣ ва истеҳсолӣ мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 11,0 млн.доллари амрикоӣ буда, аз ҷумла аз ҳисоби қарзи Бонки Исломии Рушд 4,39 млн. доллари амрикоӣ, қарзи Фонди ҳамбастагии исломӣ 5,52 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,1 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи мазкур аз қисматҳои зерин иборат мебошад:
1) Таҳсили касбии ҷавонон. Маблағи умумии банақшагирифташуда 5,12 млн.доллари амрикоӣ мебошад, ки аз он 3,96 млн.доллари амрикоӣ барои таъмир ва сохтмони муассисаҳои ибтидоии касбӣ, қариб 1 млн.доллари амрикоӣ барои таҷҳизонидан ва 190 000 доллари амрикоӣ барои таҳияи барномаи таълимӣ ва омӯзиши тренерҳо сарф мешавад.
2) Саводнокии касбӣ ва омӯзиши занон. Бо ин мақсад 0,7 млн.доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 128 000 доллари амрикоӣ барои харидории маводи таълимӣ ва омӯзишӣ пешбинӣ шудааст.
3) Қарздиҳии хурд барои ҷавонон ва занон. Бо ин мақсад 3,22 млн.доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 2,9 млн.доллари амрикоӣ бевосита барои додани қарз ва маблағи боқимонда барои омӯзонидани қарзгирандагон, ёрии техникӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори ташкилоти хурди қарздиҳанда сарф карда мешавад.
4) Барои идоракунии лоиҳа ва хароҷоти пешбининашуда 1,95 млн.доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Дар назар дошта шудааст, ки дар натиҷаи амалӣ шудани лоиҳа таъмиру таҷдиди ҳашт муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва сохтмони чор маркази нави омода намудани кадрҳои коргарӣ ба анҷом расонида мешавад. Муассисаҳои мазкур аз минтақаҳои гуногуни кишвар, бо назардошти дастрасии бештари мардум ба ин муассисаҳо, интихоб карда мешаванд. Ин марказҳо бо таҷҳизоти замонавии таълимӣ, мебел, маводи таълимӣ ва омӯзишӣ таъмин карда мешаванд. Дар марказҳои мазкур зиёда аз 8000 нафар хонандагон-ҷавонони синни 15-24 сола ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо маводи таълимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин 5000 нафар занони бекасби 24-49 сола аз курсҳои омӯзиши касбӣ гузашта, бо маводи таълимӣ таъмин мегарданд. Дар назар дошта шудааст, ки қаблан мураббиён ва устодон низ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд.
Бо мақсади дастгирии шахсони аз курсҳои омӯзишӣ гузашта ва таъмин намудани онҳо бо фаъолияти судманд дар назар дошта шудааст, ки 50 фоизи ҷавонон ва 60 фоизи занони дар натиҷаи амалишавии лоиҳа соҳибкасбгардида бо қарзҳои имтиёзноки хурд, ки ба ҳисоби миёна ба 500 доллари амрикоӣ баробар аст, таъмин карда мешаванд. Инчунин шахсони мазкур ва кормандони марказҳои қарздиҳии хурд аз курсҳои истифодабарии қарз гузаронида мешаванд.
Агенти иҷроияи лоиҳаи мазкур Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар назар дошта шудааст, ки он аз ҷониби гурӯҳи амалисозии лоиҳа амалӣ мегардад.
Бояд зикр намуд, ки қарзи Бонки Исломии Рушд дар муҳлати 25 сол бо фоизи 2,5 фоизи солона ва муҳлати имтиёзноки 7- сола ва қарзи Фонди ҳамбастагии исломӣ барои 30 сол, бо 0,75 фоизи солона ва давраи имтиёзноки 10 -сола пешбинӣ шудааст.
Тибқи хулосаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи мазкур ба меъёрҳои Стратегияи идоракунии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2014 мувофиқат мекунад.
Муҳлати амалишавии лоиҳа панҷ солро ташкил медиҳад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи қарзии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон» 11 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2013 таҳти № 1768 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Созишномаи зикргардида бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани қобилияти дахлдори маҳорати касбӣ, малакаи амалӣ ва маҳсулнокӣ ба имзо расидааст. Он алалхусус маҳорат ва малакаи касбии ҷавононро (15-24 сола) беҳтар карда, ба занҳои бетахассус (24-49 сола) барои дастрасӣ ба корҳои касбии маълумотнок кӯмак мерасонад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзи 28 марти соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи пешниҳодшударо мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи зикргардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи мазкурро барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: -Дар бораи лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Менглиев Рустам Шомуродович дода мешавад.
Рустам МЕНГЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз дар баррасии шумо қарор дорад, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Таҳияи лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 маншаъ мегирад. Дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита оид ба қабули Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалагузорӣ карда буданд.
Ҳамзамон дар «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 тасдиқ гардидааст, таҳия ва қабули Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ташкили сохторҳои судӣ, ба монанди коллегияи маъмурӣ, зарурати таҳияи лоиҳаи Кодекси мазкурро ба миён мегузорад.
Таври алоҳида қабул гардидани қонунҳои моддӣ ва мурофиавӣ барои ба таври содда ва шаффофу дақиқ баррасӣ намудани парванда, гузаронидани тафтишоти судӣ ва таҳияю қабули қарорҳои қонуниву асоснок аҳамияти хоса дорад. Бинобар ин, қисми мурофиавӣ аз Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуда, дар заминаи он Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
Лоиҳаи Кодекси мазкур аз ду қисм — умумӣ ва махсус иборат буда, 248 моддаро дар бар мегирад.
Қисми умумӣ аз ду фасл иборат буда, фасли 1 – «Муқаррароти умумӣ» ва фасли II «Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» ном доранд.
Фасли 1 аз ду боб иборат аст. Боби 1. «Муқаррароти умумӣ» аз вазифаҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, амали Кодекси мазкур дар макон ва замон, мафҳумҳои асосӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат аст.
Боби 2 бо номи «Принсипҳои қонунгузории мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омада, дар он принсипҳои қонуният, баробарӣ дар назди қонун ва суд, ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ, таъмини амният ҳангоми барасмиятдарорӣ ва пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ошкоро будани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ёрии ҳуқуқӣ дар пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ, амалӣ кардани адолати судӣ, мустақилияти судяҳо, забони пешбурди мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
Фасли II. «Пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» аз шаш боб иборат буда, масъалаҳои зеринро ба танзим медарорад: ҳуқуқу уҳдадориҳои иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ҳолатҳое, ки имконияти иштирокро дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд, далелҳо ва исботкунӣ, чораҳои таъминкунандаи пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба расмият даровардани мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Қисми махсуси лоиҳаи Кодекс аз фаслҳои III-VI иборат мебошад.
Дар Фасли III се боб ҷой дода шуда, салоҳияти суд, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки барои баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ваколатдоранд, инчунин тобеияти парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва тартиби баррасии онҳоро аз ҷониби 40 мақомот муайян менамояд.
Фасли IV аз чор боб иборат буда, тартиби аз нав баррасӣ кардани қарорҳо ва баррасии парвандаҳои маъмурии дар марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ қарордошта, инчунин аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда пешбинӣ мекунад.
Фасли V аз як боб иборат аст ва он тартиби пешбурди парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба ноболиғонро ба танзим медарорад.
Дар Фасли VI, ки аз се боб иборат аст, иҷрои қарорҳо, тартиби иҷрои намудҳои ҷудогонаи ҷазои маъмурӣ ва муқаррароти хотимавӣ ба танзим дароварда шудаанд.
Бояд зикр кард, ки лоиҳаи Кодекси мазкур аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба баррасӣ ва ба он таклифу эродҳои зиёди қобили қабул пешниҳод гардиданд, ки лоиҳаи Кодексро боз ҳам мукаммал ва забони онро суфта гардониданд.
Лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.
Насрулло МАҲМУДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи Кодекси мазкур дар заминаи қисми мурофиавии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаслҳои 3 ва 4) таҳия гардида, бо назардошти меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шудааст.
Дар лоиҳаи Кодекси мазкур тартиби барасмиятдарорӣ, пешбурд, тартиби баррасӣ, қабули қарор, шикоят овардан ба мақомоти болоӣ ва ё шахсони мансабдори болоӣ, ба суд, аз ҷумла ба коллегияҳои судии судҳои болоӣ аз рӯйи қарорҳои қабулгардида, тартиби иҷрои санадҳои қабулгардида ва дигар масъалаҳо ба таври мушаххас пешбинӣ шудаанд.
Дар Кодекси мазкур доираи фаъолияти суд ва 39 мақомоти ваколатдори давлатӣ ва шахсони ваколатдори баррасикунандаи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мушаххасан ифода ёфта, дар баробари ин ваколати онҳо бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои давлат ва субъектони хоҷагидор возеҳ нишон дода шудааст
Лоиҳаи Кодекси мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1464 аз 8 октябри соли 2012 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Ҳамзамон бо мақсади такмил додани лоиҳаи Кодекс бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 октябри соли 2012 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 508 пешниҳод манзур карданд. Кумита ва гурӯҳи корӣ пешниҳодҳоро бо иштироки намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҳамаҷониба мавриди омӯзиш қарор дода, аз онҳо 488-тоашро қобили қабул ва қисман қабул, 20- тои дигарашро қобили қабул надонист.
Бинобар сабаби куллан тағйир ёфтани сохтори Кодекс кумита лоиҳаи омодагардидаро ҷиҳати омӯзиш ва хулосаи иловагӣ такроран ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд. Аз ҷониби онҳо ба лоиҳаи Кодекси мазкур иловатан 239- пешниҳод манзур гардид, ки аз онҳо 181 ададаш қабул ва қисман қобили қабул дониста шуда, 58- тои дигараш қабул нашуд.
Ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷаласаи гурӯҳи корӣ даъват пешниҳодҳои онҳо низ ба инобат гирифта шуданд.
Ҳамзамон бо тавсияи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати такмили ниҳойии лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба инобат гирифта шуданд.
Кумитаи масъул рӯзи 25 феврали соли 2013 ҷаласаи васеъ гузаронида, бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғаффорова, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Кодексро баррасӣ намуд.
Гуфтан бамаврид аст, ки пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди вазоратҳои зикргардида лоиҳаи Кодекси мазкурро пурра намуданд. Бо назардошти пешниҳодҳои қабулшуда ва дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Кодекси мазкур мушаххасан такмил дода шуд.Чунончӣ:
- лоиҳаи Кодекси мазкур ба ду қисм, яъне ба қисмҳои умумӣ ва махсус ҷудо карда шуд;
- лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 248 модда иборат буда, ҷобаҷогузории фаслҳо, бобҳо ва моддаҳои он аз сари нав мураттаб гардонида шуданд;
- бинобар сабаби такрори меъёрҳо- ба моддаҳои алоҳида ҷудо кардани меъёрҳо ва ё дар таҳрири нав ва пурратар ифода карда шудани онҳо аз Кодекс 15 модда хориҷ карда шуд;
- ба Кодекс як боби нав иборат аз 10 модда ва инчунин 17 моддаи дигар илова карда шуд (дар маҷмуъ 27 модда).
Чунончӣ, аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон ба лоиҳаи Кодекси мазкур боби нав — «Боби 5. Ҳолатҳое, ки имконияти иштирокро дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд» ворид карда шуд. Дар боби мазкур, ки аз 10 модда иборат аст, ҳолатҳое, ки иштироки судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор)-ро дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд, инчунин ҳолатҳое, ки иштироки такрории судяро дар баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истисно мекунанд, ҳамчунин рад кардани судя, прокурор, котиби маҷлиси суд ва дигар иштирокчиёни мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба танзим дароварда шудаанд.
Бо назардошти пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи нави 5 мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекс истифода мешаванд, нишон дода шуда, мазмуни онҳо равшан карда шудааст, ё худ дар моддаи 82 тартиби оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дар моддаи 139 тартибот дар маҷлиси судӣ, дар моддаҳои 150 ва 151 муҳлати шикоят кардан ва эътироз овардан, тартиби барқарор кардани ин муҳлатҳо ба танзими ҳуқуқӣ дароварда шудаанд.
Ба ҳамин монанд дар 23 моддаи нави воридкардашуда масъалаҳои гуногуни мурофиавӣ ба танзим дароварда, меъёрҳои Кодекс пурра карда шуданд:
- ҷиҳати такмили меъёрҳо ба 14 модда 25 қисми нав илова ё дар таҳрири нав ифода карда шуданд;
- мухолифати Кодекси мазкур бо меъёрҳои кодексҳои мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҷиноятӣ ва мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф карда шуданд;
- зикр кардан бамаврид аст, ки дар моддаҳои нави иловашуда фаъолияти низоми нави худкори қайди категорияҳои муайяни ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба танзими ҳуқуқӣ дароварда шуд;
- аз ҷиҳати услуби забонӣ, имлоӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ лоиҳаи Кодекс такмил дода шуд.
Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нав буда, ҳоло дар қонунгузории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ ин гуна Кодекси алоҳида таҳия нашуда, меъёрҳои он дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷой дода шудааст.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ пешниҳод гардида буд, ки он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 октябри соли 2012 таҳти №1483 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд ва пурра дастгирӣ ёфт. Бо лоиҳаи Қонуни мазкур тартиби баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст. Бо дарназардошти хусусияти мурофиавӣ доштани муқаррарот ва меъёрҳои лоиҳаи Қонуни мазкур он ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ якҷоя карда шуда, ваколатҳои шахсони мансабдори Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи 100 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода шуданд.
Пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардиданд, низ ба лоиҳаи Кодекси мазкур ворид шудаанд.
Лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Кодекси мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Вобаста ба ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.
Саттор ХОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони иззатманд ва ҳозирини гиромӣ!
Таҷрибаи қонунгузорӣ собит намудааст, ки бо гузашти вақт ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ як қонун ва ё кодекс наметавонад ба таври комплексӣ муносибатҳои алоҳидаро танзим намояд. Аз ин рӯ, барои таъмини муносибатҳои якхела зарурат пеш меояд, ки дар доираи як ё якчанд қонуни мавҷуда қонун ва ё кодекси нав қабул карда шавад то ҳама муносибатҳоро ба таври мушаххас ва ҷавобгӯ ба талаботи қонунгузории амалкунанда дар бар гирифта тавонанд.
Дар лоиҳаи Кодекси пешниҳодшуда тартиби ба расмиятдарорӣ, пешбурд, тартиби баррасӣ, қабули қарор, шикоят овардан ба мақомоти болоӣ ва ё шахсони мансабдори болоӣ, ба суд, аз ҷумла ба коллегияҳои судии судҳои болоӣ аз рӯйи қарорҳои қабулгардида ва дигар муносибатҳо таври содда ва мушаххас муқаррар гардидаанд.
Дар моддаи 93- юми лоиҳаи Кодекс салоҳияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нишон дода шудааст. Навгонии дигар бо номи «Тартибот дар маҷлиси судӣ» дар моддаи 139 муқаррар намудааст, ки минбаъд барои итоат накардани иштирокчиёни парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо амри судя ё риоя накардани тартибот ҳангоми маҷлиси судӣ, ҳамчунин барои аз тарафи шахс содир кардани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро ба суд ё қоидаҳои дар суд муқарраршуда шаҳодат медиҳад, аз ҷониби суд, судя ё шахси мансабдори ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва маводи зарурӣ тартиб дода, ҷиҳати беғаразона ва моҳиятан баррасӣ кардан ба раиси суди дахлдор пешниҳод карда мешавад. Феълан масъалаи мазкурро дигар кодексҳои мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешбинӣ намудаанд, ки ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолати номбурда нисбати шахси кирдори маъмурӣ содирнамуда ҷазо дар ҳамон мурофиа татбиқ карда мешавад.
Бинобар ин ҷонибдорӣ ва қабул намудани лоиҳаи Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва мувофиқи мақсад мебошад.
Лоиҳаи Кодекси мазкур боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули Кодекс Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Менглиев Рустам Шомуродович ба таври мухтасар маълумот дод.
Вобаста ба ин масъала муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насрулло Маҳмудов дар баромадаш зикр намуд, ки лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1465 аз 8 октябри соли 2012) пешниҳод шудааст ва лоиҳаи дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1604 аз 17 декабри соли 2012), ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Ғаффорова, А. Азимов ва С.Холов пешниҳод шудаанд, бинобар сабаби ба як санади меъёрии ҳуқуқӣ дахл доштанашон бо дастрасии муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид карда шуданд.
Лоиҳаҳои қонунҳои зикргардида барои омӯзиш ва омода намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти № 976 тасдиқ шудааст ва бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва мутобиқ намудани қонуни мазкур бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бинобар сабаби дар заминаи қисми мурофиавии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фаслҳои 3 ва 4) таҳия гардидани Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани фаслҳои 3 ва 4, инчунин баъзе моддаҳои дигари Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.
Лоиҳаи қонуни ҳамноми аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида бо мақсади мукаммалсозӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст. Бо дарназардошти меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ва истифодаи якхелаи истилоҳи ҳуқуқӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла иваз намудани истилоҳи «яроқ» ба «силоҳ» зарурати воқеӣ мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онҳоро пурра дастгирӣ намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби кумитаи масъул, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 пешниҳод манзур гардид, ки онҳо пурра ё қисман қобили қабул дониста шуданд. Аз ҷумла бо пешниҳоди кумитаи масъул моддаи 1- уми лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ифода ёфта, ба он шаш сархати нав илова шуд. Тибқи онҳо аз санксияи 6 моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 314 қисмҳои 1 ва 2, 318 қисми 2, 324 қисми 4, 325 ва 326) ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи идоракунии воситаи нақлиёт хориҷ шуд. Бо тағйироти зикршуда масъалаи бо воситаҳои техникии махсуси низоми худкор ба расмият даровардан ва қабули қарор оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба танзими ҳуқуқӣ дароварда шуд.
Кумитаи масъул 25 феврали соли 2013 ҷаласаи васеъ гузаронида, бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ғаффорова, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи қонунро баррасӣ намуд ва таклифҳои қабулгардида ба лоиҳаи Кодекс ворид шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС:- Дар хусуси Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда сухан ба муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллоев Заробиддин Қузратович дода мешавад.
Заробиддин ФАЙЗУЛЛОЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда (IRENA), ки 26 январи соли 2009 дар шаҳри Бонн ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Оиннома аз 20 модда иборат аст, ки фаъолият, батанзимдарорӣ, мақсаду мароми давлатҳои аъзоро дар Агентии байналмилалии энергияи барқароршаванда муқаррар менамояд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати тасдиқи ин Оиннома дар асоси нуктаҳои зайл муҳиманд:
-Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намудҳои захираҳои табиии манбаъҳои энергияи барқароршаванда, аз қабили неруи обӣ, офтобӣ ва бодиро доро мебошад, ки истифодабарии онҳо ниёз ба маблағгузории хориҷӣ ва ворид намудани технологияи муосири замонавӣ дорад. Аъзо шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда барои амалӣ намудани ин барномаҳои стратегии энергетикӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад намуд;
-тибқи моддаи 6 Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда давлатҳое, ки Оинномаи мазкурро имзо намудаанд, ҳамчун мамлакати аъзо ва созмондиҳандаи Агентӣ ба ҳисоб мераванд;
-Агентии зикршуда ҳамчун меҳвари рушди захираҳои барқароршавандаи энергия барои таъмин намудани кишварҳои аъзо бо таҷҳизоти лозима ва маблағгузории мусоид чораҳо меандешад;
-мутобиқи моддаи 4 кишварҳои аъзо бо дастгирии Агентӣ метавонанд бо технологияҳои барқароркунандаи энергия таъмин гарданд, ҳуқуқи иштирок дар конфронсу ҷаласаҳои илмӣ- тадқиқотиро пайдо кунанд, такмили дониш намоянд ва аз гуногун намудани шабакаҳои тадқиқотӣ баҳравар шуда, алоқаҳои заруриро байни давлатҳои аъзо барқарор намоянд;
-Агентӣ захираҳои худро тавре тақсим мекунад, ки он, пеш аз ҳама, ба манфиати мамлакатҳои ҷаҳони сеюм самарабахш бошад;
-дар Оиннома ( моддаҳои VI, VII, VIII, IX, X, XII, XVII) баробарҳуқуқии ҳамаи кишварҳо ба назар гирифта шудааст;
-табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назари тавлиди манбаъҳои энергияи барқароршаванда бемислу монанд буда, метавонад ҳамчун маркази тадқиқотӣ ҷиҳати фаъолияти кишварҳои аъзо дар заминаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда истифода гардад.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шабдолов Шодӣ Давлатович дода мешавад.
Шодӣ ШАБДОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда 26 январи соли 2009 дар шаҳри Бонн ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст.
Барои Тоҷикистон тасдиқи Оинномаи Агентӣ аз он ҷиҳат манфиатнок аст, ки Агентии номбурда ҳамчун маркази рушди технологияҳои истифодабарии захираҳои барқароршавандаи энергия ҷиҳати дастрас намудани таҷҳизот ва механизмҳои маблағгузорӣ барои рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия чораҳо ба амал мебарорад.
Мутобиқи моддаи 4 мамлакатҳои аъзо метавонанд аз дастгирии Агентӣ дар самтҳои мубодилаи таҷрибаю донишҳо оид ба технологияи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, корҳои тадқиқотӣ ва васеъ гардонидани шабакаҳои тадқиқотӣ баҳравар шаванд.
Агентӣ захираҳои худро тавре тақсим мекунад, ки онҳо барои ноил шудан ба дастовардҳои ниҳойӣ ба манфиати мамлакатҳои аъзо, хусусан бо назардошти эҳтиёҷоти мамлакатҳои рушдёбанда самарабахш бошанд.
Оинномаи мазкур принсипҳои баробарҳуқуқии ҳамаи давлатҳоеро, ки аъзои Агентӣ шудаанд, пурра ба назар гирифтааст ва ягон давлат афзалияти хос надорад.
Бояд тазаккур диҳем, ки аъзои Агентӣ давлатҳое шуда метавонанд, ки узви Созмони Милали Муттаҳид бошанд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршавандаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Кумитаи масъул 28 марти соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани Оинномаи Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршавандаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Оинномаи Агентии мазкурро тарафдорӣ намоед.
Дар бораи тасдиқи Оинномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.
Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд. 8 ноябри соли 2012 қонуни мазкур дар Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷонибдорӣ фиристода шуда буд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ наёфта, барои баррасии такрорӣ бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012 таҳти №437 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид. Баъдан бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2012 таҳти №1638 он барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот супорида шуда буд.
19 марти соли 2013 бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур бори дигар дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷмуъ лоиҳаи қонуни мазкурро ҳама дастгирӣ намуданд.
Ду эроде, ки аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда буд, бартараф, яъне аз қисмҳои 15 ва 16 калимаҳои «намояндагон» ва «намояндагони» хориҷ карда шуданд ва дуюм дар қисми 15 қонуни мазкур (моддаи 9 қонуни амалкунанда) дар ҳолати якум калимаи «сеюм» ба калимаи «дуюм» иваз карда шуд.
Ҳамзамон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди такмилдиҳӣ қарор дода шуд. Қисми 2 хориҷ карда шуда, қисмҳои 3-30 мутаносибан қисмҳои 2-29 ҳисобида шуданд.
Ҷиҳати боз ҳам оммафаҳм шудани қонуни мазкур дар қисмҳои 14, 15 ва 16 сархатҳои якум ва дуюм якҷоя карда шуданд.
Дар сархати дуюми қисми 14 ва сархати сеюми қисми 28 калимаҳои «бо мувофиқаи мақомоти марбутаи давлатӣ» ва «бо мақомоти дахлдори давлатӣ» ба калимаҳои «дар мувофиқа бо дигар мақомоти давлатӣ» иваз карда шуданд.
Бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми 14- уми лоиҳаи қонуни мазкур сархати чорум дар таҳрири зайл илова карда шуд:
«- дар сархати якуми қисми сеюм калимаҳои «(ё тарҷумаи расмии он)» ба калимаҳои «ва тарҷумаи расмии он» иваз карда шаванд.».
Яъне, мувофиқи ин тағйирот шартномаҳои байналмилалӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки дар моддаи 9- уми қонуни амалкунанда нишон дода шудаанд, бояд танҳо бо тарҷумаи расмӣ пешниҳод шаванд.
Ба ғайр аз гуфтаҳои дар боло зикршуда ҳамаи он эродҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров нисбати лоиҳаи қонуни мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардида буданд, ислоҳ ва лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ,
Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ