Созмони Милали Муттаҳид
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон 13 марти соли 2025 дар шаҳри Бишкек самимона истиқбол менамояд. Дар ин хусус 13 март котиби матбуоти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Стефан Дюжаррик изҳор дошт.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ду давлатро бо ин дастоварди таърихӣ таҳният гуфта, роҳбарӣ, азми қавӣ ва иродаи сиёсии онҳоро барои муваффақона ба анҷом расонидани раванди музокироти дарозмуддат баланд арзёбӣ намудааст.
«Дабири кулл ба ҳамкории устувори созанда байни ду давлат барои таҳкими эътимоди мутақобил, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ояндаи осоиштаи мардумони онҳо ва тамоми минтақа умед дорад», — тазаккур дод котиби матбуоти Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид.
Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ
Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ истиқбол намуд. Дар ин хусус котиботи ин созмон хабар додааст.
«Бо шарофати талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии сарони ду давлат имкон пайдо шуд, ки оид ба гузариши хати сарҳади давлатӣ дар тамоми дарозии қариб ҳазоркилометрии он созиш ҳосил шавад», — омадааст дар изҳороти котиботи созмон.
Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ, бешубҳа, қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории минтақавӣ, баланд бардоштани амният дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва иҷрои босамари вазифаҳои асосии он мегардад.
Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ изҳори боварӣ намудааст, ки шартномаи баимзорасида барои рушди минбаъдаи дӯстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни миллатҳои бо ҳам дӯсту бародари Тоҷикистон ва Қирғизистон, инчунин, рушди иқтисодӣ ва инкишофи мутаносиби ҷамъиятҳои ҳар ду давлат хизмат менамояд.
Созмони ҳамкории Шанхай
Созмони ҳамкории Шанхай 13 марти соли 2025 ба имзо расидани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки таҷассумгари иродаи неки тарафҳо оид ба ҳалли масъалаҳо бо роҳи осоишта дар руҳияи машваратҳои баробар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мебошад, истиқбол менамояд. Дар ин хусус котиботи созмон иттилоъ додааст.
«Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти хосаи шартномаи имзошударо таъкид намуда, онро саҳми арзанда дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва субот дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ менамоянд», — таъкид шудааст дар баёнияи котиботи Созмони ҳамкории Шанхай.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд, ки ин иқдоми наҷиб на танҳо аз ҷониби сокинони ду давлат, балки аз тарафи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гарму самимӣ истиқбол шуд.
«Садои мардум»