Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар равобити ду кишвар рӯйдоди таърихӣ ба ҳисоб рафта, саҳифаи нави ҳамкориҳои фарогир ва мутақобалан судмандро ифтитоҳ намуд, ки он бо ҳарфҳои заррин дар таърихи ҳамкориҳои ду кишвар навишта мешавад.
Ин сафар бозкушои дарвозаи ҳамкорӣ ва дӯстӣ миёни ду кишвар ба ҳисоб рафта, самараи он ба имзо расидани 16 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ҷиҳати ҳалли масоили байнидавлатӣ, аз ҷумла шартномаи таърихӣ оид ба сарҳади давлатӣ, миёни ду кишвари ҳамсоя ба ҳисоб меравад.
Бояд махсус зикр намоем, ки дар раванди ин сафар миёни президентҳои ду кишвар изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид.
Бо роҳи сулҳомез ва пурра ҳал намудани масоили сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон натиҷаи талошҳои бисёрсолаи ҷонибҳо ба шумор рафта, ниҳоят дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаллу фасл гардид.
Сафари давлатии Пешвои миллат қуфлкушои ҳама дарҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон буда, ба таҳкими беш аз пеши робитаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни ду кишвар, инчунин, тавсеаи ҳамгироии минбаъда дар минтақа низ суръати тоза мебахшад.
Аз ин рӯ, сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳалли масоили фарогири байнидавлатиро метавон ҳамчун дастоварди бузурги сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии бунёдгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 арзёбӣ намуд.
Маҳз дар раванди ин сафар ва баъди он ҷонибҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд, аз ҷумла:
1. Масъалаи сарҳади давлатӣ пурра ҳалли худро ёфт;
2. Фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳадӣ барқарор шуд;
3. Хатсайри мустақими парвоз миёни кишварҳо роҳандозӣ гардид;
4.Сафари мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар ба роҳ монда шуд;
5. Гардиши молу маҳсулот ва рафтуомади одамон зиёд мегардад, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ мусоидат менамояд;
6. Рушди ҳамлу нақли транзитии мултимодалӣ ва байнимодалӣ байни ду кишвар имконпазир мешавад;
7. Лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – 1000 (CASA-1000) ҳар чӣ зудтар амалӣ мешавад;
8. Ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ, гуманитарӣ, сиёсию амниятӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн тавсеа меёбанд.
Ҳалли мушкилоти сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро метавон ҳамчун рамзи эътимод ва дӯстии тарафайн арзёбӣ намуд, ки як қадами муҳим дар самти ҳамгироии минтақавӣ ва амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Президентҳои ду кишвар изҳор намуданд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад.
Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намунаи олии ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамзистӣ, осоиштагӣ ва ҳамсоягии некро нишон дода, музокиротро ҳамчун роҳи ҳалли низоъ ва мушкилоти сарҳадӣ сармашқи кори худ қарор доданд ва дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ хеле кӯтоҳ тавонистанд ҳама мушкилоти ҷойдоштаро ҳал намоянд.
Дар фазои номуайянии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, набудани эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни бозингарони ҷаҳонӣ, инчунин, дар шароите, ки низоъҳои фаъол дар нуқтаҳои ҷаҳон идома доранд, Тоҷикистон ва Қирғизистон намунаи беназири ҳамкории байнидавлатиро ба маъраз гузоштанд, ки иштирокчиёни дигари равобити байналмилалӣ метавонанд онро ҳамчун намунаи камназир дар таҷриба ва амалияи сиёсати хориҷии худ истифода намоянд.
Дар шароити ноором ва пуртаззоди ҷаҳонӣ бо роҳи сулҳомез танзим гардидани масоили сарҳадӣ миёни ду кишвар барои рушди давлатдории миллии Тоҷикистон дастоварди стратегӣ ба ҳисоб меравад. Таҳлили ин раванди мусбат дар сиёсати хориҷии ду кишвар нишон медиҳад, ки ҷонибҳо зимни ҳалли масоили сарҳадӣ баҳри дарёфти сулҳу субот, ҳамзистии осоишта миёни кишварҳо ва тавсеаи ҳамкориҳои фарогири дуҷониба ва бисёрҷониба, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳусни тафоҳум ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафҳоро мадди назар қарор доданд, ки омили асосии ноил гардидан ба ин дастовард маҳсуб мешавад. Маҳз технологияи пешбурди гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон буд, ки тарафҳо ба чунин дастовард ноил гарданд ва ҳузури миёнаравии ҷониби сеюмро зарур нашумориданд. Тавре маълум аст, ки баъзан раванди гуфтушунид дар сатҳи байналмилалӣ ба он оварда мерасонад, ки миёнаравҳо низ манфиатҳои худро дунбол менамоянд ва дар ин ҳолат гуфтушунид метавонад ба бунбаст ворид гардад ё кашол ёбад. Дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ чунин ҳолатҳо хеле зиёданд.
Дар як муддати кӯтоҳ муътадил гардидани равобити Тоҷикистон бо Қирғизистон ва ба даст овардани чунин дастоварди корӣ маҳз аз иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду кишвар ва касбияти баланди дипломатияи ҷонибҳо шаҳодат медиҳад.
Бо итминон метавон гуфт, ки мардуми ду кишвар аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон бениҳоят шоданд ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро, ки ба манфиати кишварҳо ва халқҳои мо мусоидат мекунад, нек арзёбӣ менамоянд.
Парвиз МУҲАММАДЗОДА,
доктори илмҳои сиёсӣ, профессор