Иттилоия

№33 (4929) 17.03.2025

20240630_161437 копия19-уми марти соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор мегардад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум соати 1000 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-уми марти соли равон аз соати 800 то 1700 дар ошёнаи якум, ҳуҷраи 1 бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд. Телефонҳо барои маълумот: 221-30-84, 221-13-77.

Ёдовар мешавем, ки 6-уми марти соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум» ба имзо расид.