Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 12-13-уми марти соли 2025 анҷом дода шуд, ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ бо ин кишвари ҳамсояро ба марҳилаи нав ворид кард. Натиҷаи сафари давлатии мазкур ва таъсири он ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар он қадар сареъ буд, ки шаҳрвандони ҳар ду давлати ҳамсояро болидаруҳ намуд. Аз ҷумла, маросими бозкушоии ду гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров дар он маҷозӣ иштирок намуданд, шабеҳи як ид буд. Мувофиқи амри сарони ду давлат рафтуомади нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ барқарор гардид. 14-уми марти соли равон Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар хатсайри мустақими ҳавоӣ дар самти Душанбе-Бишкек-Душанбе парвози нахустинро анҷом дод.
Ҳодисаи фараҳбахши асосӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ буд. Имзои шартномаи мазкур ба истиқболи густурдаи шаҳрвандони ҳар ду давлат ва роҳбарони созмонҳои бонуфузи ҷаҳониву минтақавӣ ва давлатҳои хориҷи дуру наздик рӯ ба рӯ шуд. Аз ҷумла, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ аз ҷониби президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон самимона истиқбол намуда, ба ҳамкории устувори созанда байни ду давлат барои таҳкими эътимоди мутақобил, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ояндаи осоиштаи мардумони онҳо ва тамоми минтақа изҳори умед кард.
Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои сарони давлатҳои ИДМ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро бо имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ самимона табрик гуфта, изҳори боварӣ намудааст, ки татбиқи амалии муқаррароти шартнома ба таҳкими муносибатҳои некуҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон дар асоси эҳтироми тарафайн, эътимод ва баробарҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.
Ба андешаи Сергей Лебедев, баимзорасии шартнома заминаи зарурии рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи бисёрҷанба буда, ба манфиатҳои аслии ҳар ду кишвар, инчунин, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар маҷмуъ, ҷавобгӯ мебошад.
Созмони ҳамкории Шанхай низ ба имзо расидани Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки таҷассумгари иродаи неки тарафҳо оид ба ҳалли масъалаҳо бо роҳи осоишта дар руҳияи машваратҳои баробар, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиром мебошад, истиқбол намудааст. «Давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аҳамияти хосаи шартномаи имзошударо таъкид намуда, онро саҳми арзанда дар пойдории сулҳ, таъмини амният ва субот дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай арзёбӣ менамоянд», — гуфта шудааст дар баёнияи котиботи Созмони ҳамкории Шанхай.
Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ аз имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ истиқбол намуда, таъкид кардааст, ки бо шарофати талошҳои пайваста ва иродаи сиёсии сарони ду давлат имкон пайдо шуд, ки оид ба гузариши хати сарҳади давлатӣ дар тамоми дарозии қариб ҳазоркилометрии он созиш ҳосил шавад.
Иттиҳоди Аврупо имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатиро лаҳзаи муҳим ва қадами бузург ба пеш шуморидааст.
Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ низ баимзорасии Шартнома оид ба демаркатсияи сарҳад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро самимона истиқбол кардааст. Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусайн Иброҳим Тоҳо ҳар ду мамлакатро бо ин дастоварди таърихӣ табрик гуфта изҳор доштааст, ки ин иқдом саҳифаи ихтилофоти чандинсолаи байни ду кишварро мебандад, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамоҳангии байни онҳоро барқарор мекунад, эътимоди тарафайнро тақвият медиҳад ва ба ҳамкорӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягии ду кишвари бародар такони нав мебахшад.
Федератсияи Россия бо истиқбол аз Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ изҳорот пахш кардааст, ки дар он гуфта мешавад: «Баимзорасии ин санади муҳим бо шарофати иродаи сиёсии роҳбарони ҳар ду давлат ва заҳмати тӯлонии ҳайатҳои ҳукуматӣ дар масъалаи таъин ва аломатгузории марз имконпазир гардид… Шубҳае нест, ки татбиқи шартнома ба таҳкими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат намуда, муносибатҳо байни иттифоқчиён ва шарикони стратегии Россия – Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сатҳи сифатан нав мебароянд».
Ҷумҳурии Мардумии Чин Тоҷикистону Қирғизистонро ба муносибати имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик гуфта, ба нақши калидии роҳбарони ду кишвар дар ҳалли мусолиматомези масъалаи сарҳад тавассути музокирот баҳои баланд медиҳад. «Он ба сулҳ, субот, рушд ва шукуфоӣ дар минтақа мусоидат мекунад», — таъкид кардааст намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мао Нин.
Ҷумҳурии Исломии Эрон Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба сарҳади давлатиро истиқбол намудааст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Бақоӣ таъкид намудааст, ки шартнома самаранокии дипломатияро дар ҳалли баҳсҳои байни кишварҳо ҳангоми риоя ва ҳимояи манфиатҳо ва шаъну шарафи тарафайн нишон медиҳад.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро дар мавриди имзои санади таърихӣ – Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ оид ба муайян ва аломатгузории тамоми хати марзи ду кишвар табрик кардааст. Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Тэмми Брюс изҳор намудааст, ки «Ин дастовард нишондиҳандаи тааҳҳуди ду давлат барои дипломатия ва суботи минтақавӣ мебошад».
Фаронса низ имзои созишномаи ниҳоӣ дар бораи аломатгузории марзи байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намудааст. «Ин шартнома, ки раванди тӯлониро ба анҷом расонд, як нишонаи муҳим барои сулҳу субот ва идомаи ҳамкории минтақавии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Кушодани сарҳадҳо ин қадами муҳим дар роҳи таҳкими мубодилаи мардум ва иқтисодӣ мебошад», — таъкид гардидааст дар изҳороти ин кишвар.
Амороти Муттаҳидаи Араб аз тавофуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавриди таъини марз байни ду давлат истиқбол карда, пуштибонии худро аз саъю талошҳо баҳри таъмини сулҳу шукуфоӣ таъкид намудааст. Вазорати корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб дар баёнияи худ изҳори умед намудааст, ки ин иқдом ба таҳкими пойдорӣ, ҳамкории созанда, инчунин, рушд ва сулҳу субот дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба манфиати ду мамлакати дӯст ва мардумони онҳо мусоидат намуда, барои манофеи муштарак хидмат хоҳад кард.
Давлати Қатар низ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатиро дар таҳкими амнияту субот муҳим дониста, азми ҳар ду мамлакат ва талошҳои онҳоро барои ҳалли масъалаҳо тавассути муколама баланд арзёбӣ намудааст.
Шоҳигарии Арабистони Саудӣ созишномаи демаркатсияи сарҳадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро истиқбол намудааст. «Подшоҳӣ ҳукуматҳо ва халқҳои Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишнома самимона табрик гуфта, ба ду давлат ва халқҳои бародар суботу шукуфоии минбаъда таманно дорад», — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, Шоҳигарии Баҳрайн ва Давлати Кувайт низ имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба сарҳади давлатиро истиқбол намудаанд. Давлатҳо аз ин иқдом, ки ба тақвияти муносибатҳо байни ду давлат нигаронида шудааст, ситоиш ва умедворӣ кардаанд, ки ин тавофуқ ба пойдории сулҳу субот ва пешрафти мардумони Тоҷикистону Қирғизистони дӯст мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки 13 март зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд, ки ин иқдоми наҷиб на танҳо аз ҷониби шаҳрвандони ҳар ду давлат, балки аз тарафи кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гарму самимӣ истиқбол шуд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»