Дар Анҷумани V Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, ки 13 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, лоиҳаи Барномаи пешазинтихоботии ҳизби мазкур таҳти унвони «Модернкунонии ҷомеа — баҳри зиндагии арзандаи инсон дар Тоҷикистон» аз ҷумлаи масъалаҳои асосие буд, ки ба баррасии вакилони анҷуман пешниҳод гардид.
Нахуст раиси ҲИИТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Олим Бобоев оид ба «Нақши Ҳизби ислоҳоти иқтисодииТоҷикистон дар инкишофи кишвар» суханронӣ кард.
-Имрӯз 38 нафар аъзои ҳизби мо вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва ду нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Теъдоди аъзои ҳизб ба 31 ҳазору 170 нафар расидааст. Фаъолияти мо ба он равона гардидааст, ки дар пешрафту замонавӣ будани кишварамон, муҳайё гардидани шароити зарурӣ барои зиндагии арзанда ва инкишофи озоди инсон саҳмгузор бошем,- таъкид кард О. Бобоев.
Сипас, муовини раиси ҲИИТ, доктори илми фалсафа, профессор Рустам Назаров ба сухан баромада, мазмуну муҳтавои лоиҳаи Барномаи пешазинтихоботии ҳизбро таҳти унвони «Модернкунонии ҷомеа — баҳри зиндагии арзандаи инсон дар Тоҷикистон» мухтасар шарҳ дод.
Дар поёни анҷуман шаш нафар номзад ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»