Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов 3 апрели соли ҷорӣ бо вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина Геннадий Темник, ки барои иштирок дар ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе омада буд, мулоқот кард.
Оқил Оқилов изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Украина дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисос муносибатҳои хуби ҳамкорӣ дошта, Украина дар муомилот ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ИДМ мақоми намоёнро ишғол менамояд.
Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон ҳавасманди бунёди корхонаи муштарак оид ба истеҳсол ва таъмири таҷҳизоти техникӣ барои неругоҳҳои барқи обии хурду бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва дар ин самт ҳамкориро бо тамоми сохторҳои марбутаи Украина дар сатҳи зарурӣ таъмин менамояд.
Зимни вохӯрӣ аз баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ шуда, таъкид гардид, ки натиҷаҳои кори ҷаласаи мазкур барои боз ҳам таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатию байниҳукуматии ҳар ду кишвар заминаҳои мувофиқ фароҳам хоҳанд овард.
АМИТ «Ховар»