Дар таълимгоҳҳо ва муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳии вилояти Суғд омодагӣ ба фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 хеле барвақт сурат гирифт.
- Имсол дар ноҳияи Ғончӣ ба ин маърака аз ҳарвақта пештар омодагӣ гирифта шуд. Ҳамаи 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳафт муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, се гимназия, ду муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, панҷ боғчаи кӯдакону бачагон ва як маркази таҳсилоти иловагӣ аз таъмири асосиву ҷорӣ бароварда шуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва волидайни хонандагон 620 тонна ангишт, 810 мукаабметр ҳезум харидорию захира гардид. Зиёда аз 300 метри мураббаъ дару тирезаҳои ин муассисаҳо шишабандӣ карда шуданд, — гуфт муовини раиси ноҳия Зебунисо Азизова.
Бино ба гуфтаи корманди масъули Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон Шавкат Ӯлмасов, соҳаи маорифу тандурустӣ пурра ба мавсими зимистон омодаанд. Имрӯз дар анборҳои муассисаҳои таълимии ноҳия 314 тонна ангишт ва 170 мукаабметр ҳезум захира шудааст, 110 метри мураббаъ дару тирезаҳо шишабандӣ гардидаанд.
Инчунин дар ҳамаи шаш шуъбаи беморхонаи марказии ноҳия, хонаю марказҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ омодагӣ ба зимистон анҷом ёфтааст. Онҳо бо хатти доимии барқ пайваст гардида, ноқил ва симчӯбҳои корношоям иваз ва истгоҳҳои барқӣ таъмиру тармим шудаанд. Гузашта аз ин, дар ҳамаи хонаю бунгоҳҳои тиббӣ ангиштсанг ва ҳезум ба қадри зарурӣ захира шудааст.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»