ДЕҲАИ ҲОҶИДАРА СОҲИБИ БИНОИ ТАЪЛИМӢ ШУД

№ 07.04.2025

Дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи дурдасти Ҳоҷидараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ дар доираи «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ — иқтисодӣ» бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 ба истифода шуд.

Дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зафар Гулзода, бо сокинони деҳа мулоқот намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дастгирӣ ва ғамхориҳояшон нисбати мактабу маориф изҳори миннатдорӣ намуданд.

Изҳор гардид, ки сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2024 оғоз гардида, он аз ду ошёна  иборат мебошад.

Пудратчии сохтмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Сохтмони аср» буда, тамоми корҳои сохтмонӣ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шуданд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»