ХАТЛОН. КИШТИ ПУНБАДОНА ОҒОЗ ШУД

№ 07.04.2025

Тавре аз раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, кишоварзони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ яке аз аввалинҳо шуда дар вилояти Хатлон ба маъракаи кишти пахта оғоз карданд.

Соли равон дар ноҳия дар майдони 9335 гектар кишти пахта ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин маъракаи муҳим раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуда, ба кишоварзон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, аз ҷумла коркарди саривақтии байни қаторҳо ва таъмин намудан бо нуриҳои минералӣ дастуру маслиҳатҳои судманд дод.

Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, соли равон дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят дар майдони 120 ҳазору 500 гектар кишти пахта ба нақша гирифта шудааст.

 С. СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»