Аз 16 то 19 — апрел дар вилояти Суғд Форуми II байналмилалии «Суғд — чорроҳаи роҳи бузурги абрешим» баргузор мегардад.
Форум бо мақсади рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва муаррифии захираю имконияти мавҷуда гузаронида мешавад.
Инчунин, дар доираи форум масъалаҳои асосии рушди хизматрасонӣ дар субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, ҷалби мизоҷон, менеҷмент ва идоракунӣ, мубодилаи таҷриба бо мутахассисони соҳа ва таҳияи барномаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани самаранокии корпоративӣ баррасӣ мегарданд.
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»