Соли равон дар вилояти Хатлон тибқи дурнамо дар майдони 124 ҳазор гектар кишти пунбадона ба роҳ монда мешавад.
Ба иттилои сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Баҳром Ҳасанзода, нақшаи кишти пахта назар ба соли 2024 ба андозаи 24 ҳазор гектар зиёд буда, хоҷагидорон азм доранд, 298 ҳазору 100 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.
- То 7-уми апрел аллакай дар майдони 38 ҳазор гектар кишт шудааст, ки 7 ҳазор гектари он зери плёнка мебошад. Маъракаи кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилоят бо маром идома дошта, хоҷагидорон дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа аз навъҳои серҳосили тухмӣ истифода бурда истодаанд, — гуфт дар идома Б. Ҳасанзода.
Тибқи иттилои масъулин ба ҳар як гектар пахтазори вилояти Хатлон 24 сентнерӣ нақшабандӣ шуда, кишоварзон азм доранд нақшаи истеҳсоли ин ашёи хоми саноатиро барзиёд таъмин намоянд.
С. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»