Бо чунин ном ҳаштуми апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳилтон»-и шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он коршиносони масоили экологӣ, рӯзноманигорон, ризокорон, намояндагони шарикони рушд ва вазорату кумитаҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Директори маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Ҷунайдзода зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзномаи обу иқлими ҷаҳониро аз ибтидои асри XXI пеш бурда истодааст. Шоҳиди он ҳастем, ки силсилаташаббусҳои Тоҷикистон дар ин мавзуъ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста дастгирӣ меёбанд. Қатъномаи СММ дар бораи эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо исботи ин гуфтаҳо мебошанд».
М.Ҷунайдзода афзуд, ки «ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихӣ дорад, зеро Маҷмаи умумии СММ ба як қатънома чор пешниҳоди Тоҷикистонро қабул намуд: соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, 21 март Рӯзи чаҳонии пиряхҳо, таъсиси Фонди махсуси боварӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе».
Корманди масъули бахши робитаҳои берунии намояндагии Бонки осиёии рушд Татяна Евтисеева паёми роҳбари намояндагии бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамоторо ба ҳозирин қироат намуд. Дар он зикр гардидааст, ки «обшавии босуръати пиряхҳо ба инфрасохтор ва экосистемаҳо зарар расонида, ба беш аз 2 миллиард сокинони қитъаи Осиё таҳдид мекунад. Зеро зиндагии онҳо аз ҳаҷми оби аз пиряхҳо ҷоришаванда, ки онро барои нӯшокӣ, истеҳсоли неруи барқ, истеҳсоли озуқа истифода мебаранд, вобастагии калон дорад. Кишварҳо бояд низоми устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои обро дар асоси факту рақамҳои комплексӣ ва таҷрибаи пешқадам ба роҳ монанд. Бонки осиёии рушд бо мақсади рафъи таҳдидҳои обшавии босуръати пиряхҳо ва мутобиқшавӣ ба он бо кишварҳои шарик ҳамкорӣ мекунад. Инчунин, барои гузаштан аз истифодаи сӯзишворӣ ба неруи «сабз» дар минтақа мусоидат менамояд».
Коршиноси байналмилалӣ Васу Деван, ки дар самти рӯзноманигории экологӣ ва иқлимшиносӣ собиқаи зиёд дорад, дар бораи чӣ гуна дар воситаҳои ахбори омма инъикос намудани масоили обшавии пиряхҳо, чораҳои мутобиқшавӣ, дигар намудани муносибат зимни истифодаи захираҳои табиӣ ва ба аҳолӣ расонидани моҳияти масъала ибрози андеша намуд.
Дар семинар коршиносону рӯзноманигорон андешаҳояшонро дар хусуси бештар ва оммафаҳм инъикос намудани мушкилоти обшавии пиярхҳо баён ва пешниҳодоти муфид ироа намуданд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»