9-уми апрели соли 2025 даври шаҳрии Озмуни «Кадбонуи бехтарин» дар тарабхонаи «Дидор» байни бонувону ҷавондухтарони ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он кадбонуҳои ноҳияи Фирдавсӣ сазоворӣ ҷой аввал гардиданд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, эҳёи таомҳои миллию маҳаллӣ ва ривоҷ додани пухтупази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва завқи дастархонороӣ, мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ баргузор карда шуд.
Н. МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»