16 декабри соли 2014 бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши воситаҳои ахбори омма дар инъикоси раванди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо» мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ иштирок доштанд. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Невинг Рудшэр вобаста ба ин мавзӯъ суханронӣ намуданд.
Маърӯзаҳои раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ва мушовири ҳуқуқии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Маҳмудов ба масъалаҳои нақшу мақоми воситаҳои ахбори омма дар инъикоси ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи дарпешистода, амалисозии барномаҳои махсус доир ба шарҳу тавзеҳи қонунгузории интихобот, тартиби ба роҳ мондани ташвиқоти барномаҳои пешазинтихоботии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин тартиби аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои рӯзноманигорон бахшида шуданд.
Бо Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2014 таҳти №5 Дастурамал оид ба иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо қабул гардидааст.
Ин Дастурамал мутобиқи моддаҳои 8 ва 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 6-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», бо дарназардошти талаботи Конвенсия «Дар бораи стандартҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2003 таҳти №918 ба тасвиб расидааст ва Ҳуҷҷати ҷаласаи Копенгаген оид ба омилҳои инсонии Шӯрои Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ШАҲА), ки 29 июни соли 1990 қабул шудааст, таҳия гардида, тартиби иштироки намояндагони воситаҳои ахбори оммаро дар маъракаҳои интихобот муқаррар мекунад. Озодии ҷустуҷӯ, ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилоот дар бораи интихобот, инъикоси беғаразонаи ин равандро дар воситаҳои ахбори омма қонунгузории ҷорӣ таъмин менамояд.
Сипас, кори мизи мудаввар бо баргузории таклифу пешниҳодҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма идома ёфт, ки дар рафти он масъулин ба саволу дархостҳои рӯзноманигорон посухҳои мушаххас дода, онҳоро ба иштироки фаъолона, риояи талаботи қонунҳои амалкунанда ва инъикоси воқеъбинонаи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ даъват намуданд.
Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»