Душанбе аз бостон то имрӯз

№48 (4944) 16.04.2025

Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

photo_2025-04-15_11-18-25 (5)Вақте ба Душанбеи нав менигарем, пеш аз ҳама, ба роҳбарону масъулон ва муҳандисону сохтмончиёни он аҳсан мегӯем. Биноҳои сарбафалаккашидаи замонавӣ, қасрҳои бошукӯҳ, боғҳои сабзу хуррам ва гулбасар, роҳҳои тахту ҳамвор ва кӯчаю хиёбонҳои ободу зебо диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад. Хушбахтона, аксари бунёдкорон тоҷиконанд. Онҳо исбот намуданд, ки гузаштагонамон ободкору шаҳрсоз буданд ва имрӯз анъанаҳои созандагии онҳо аз нав эҳё шудааст. Бозмондаҳои шаҳрҳои қадимаи кишвар низ аз ин дарак медиҳанд.

Душанбеи азизамон ба сифати пойтахти Тоҷикис­тони соҳибистиқлол маълуму машҳур гаштааст ва таърихи тӯлонию ҷолиб дорад. Дар замони шуравӣ, бо вуҷуди он ки ба ҳувияти миллӣ ва таърихи пурарзиши мардуми дигар, аз ҷумла тоҷикон, он қадар таваҷҷуҳ надоштанд, баъзе олимони миллатдӯсту содиқи мо ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузошта, маълумотҳои ҷолибро дар матбуот ба табъ мерасонданд. Яке аз онҳо таърихшинос, академик Нуъмон Неъматов, соли 1994, зимни як суҳбат дар матбуоти даврӣ доир ба таърихи Душанбе ибрози назар карда, минҷумла гуфта буд: «Якумин шаҳрро дар Ҳисор бунёд намуда ва Душанберо дар садсолаҳои сеюму дуюми то милод сохтаанд, ки боқимондаи онро ҳозир дар теппаи баланди канори рости рӯди Душанбе, дар маҳали байни кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва Боғи набототи АИ Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) дидан мумкин аст.

Замоне дар ин ҷо шаҳре буд, ки ба 40 гектар доман паҳн карда ва он то асрҳои ҳафтуму ҳаштуми то милод «умр дид». Дар Душанбе ва гирди шаҳр ёдгориҳои мансуб ба аҳди Юнону Бохтариҳо ва Кӯшониён фаровонанд. Дар давраи Кӯшониён Теппаи Арки Мир, Теппаи Искандар барин маҳалҳои аҳолинишин ва ­аркҳо пайдо шуданд…Бостоншиносон аз қаламрави Душанбеи ҳозира се ҳазору сесад танга ёфтаанд. Пулҳое ҳастанд, ки дар аҳди қарахониён (асрҳои XI-XII), ғуриён Муҳаммад Хоразмшоҳ (1200-1220) ва солҳои 1428-1429 сикка задаанд, аз замони шайбониён ҳам тангаҳо мерос мондаанд».

Олими дигари тоҷик Шарқӣ Юсуфов низ дар замони шуравӣ роҷеъ ба Душанбе тадқиқоти зиёд анҷом додааст. Дар китоби ӯ, ки бо номи «К истории дореволюционного Душанбе» соли 1988 нашриёти «Дониш» ба табъ расонда буд, аз ҷумла таъкид шудааст: «Душанбе дар гузашта маркази бузурги савдо будааст. Бостоншиносон тангаҳои асрҳои XV ва оғози XVI-ро ёфтаанд, ки онҳоро дар шаҳрҳои мухталиф сикка задаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роҳи тоҷирони бисёр кишварҳо аз Душанбе мегузаштааст».

photo_2025-04-15_11-18-25Дар рисолаҳои донишмандони пеш­азинқилобии Россия низ дар бораи шаҳри Душанбе маълумоти ҷолиб ҷой доранд. Ба муаллифи ин сатрҳо имконият даст дод, ки чанд сол пеш дар бинои собиқ Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъзе китобу маълумотномаҳои онҳоро пайдо намоям. Аз ҷумла, муҳаққиқи рус, афсар Б. Н. Литвинов, ки охири асри XIX ба ин минтақаҳо сафар кардааст, дар яке аз навиштаҳояш зикр менамояд: «Дар байни хонаҳои зичи шаҳр дар қад-қади кӯчае, ки аз назди қалъа сар шуда, ба боло, ба тарафи Варзоб тӯл мекашад ва ба дашти васеи ҳамҳудуди шаҳр мебарояд, осори девори қалъаи қадимаро дидан мумкин аст. Ба назарам чунин менамуд, ки (ман шабона аспсавор аз назди он гузаштам) ин девор аз хишти хом сохта шудааст ва қисман харобаи қалъаи Самарқандро ба хотир меоварад».

Соли 1959 дар маҷаллаи «Маданияти Тоҷикистон» мақолаи мудири шуъбаи таърихи Осорхонаи ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносии Тоҷикистон Е. В. Земайл ба нашр расида буд, ки дар он муаллиф дар ҷои Душанбеи ҳозира дар асрҳои XI-XIII мавҷуд будани шаҳри ободу зебо далелҳои зиёд оварда, ҳамзамон, қайд кардааст: «Қадимтарин осорҳои зиндагии одам дар қаламрави Сталинобод ба давраи охирини асри санг – неолит дахл доранд, ки онро «асри нави санг» ҳам меноманд».

Таърихи инсоният борҳо собит кардааст, ки ҳар минтақаи ободу дилкаш ва пурсарват мавриди тохтутози ғосибон қарор мегирад. Аз ҷумла, шаҳри қадимае, ки имрӯз пойтахти кишварамон аст, борҳо аз ҷониби аҷнабиён ғасб, талаю тороҷ ва хароб шудааст. 15 августи соли 1990 дар нашрияи «Пионери Тоҷикистон» мақолае бо номи «Душанбе шаҳри қадиму ҷавон» чоп шуда буд, ки дар он аз ҷумла, қайд шудааст: «Вақте ки шаҳр сохта мешуд, он вақт маълум набуд, ки дар таги он шаҳри қадимае ҷой дорад… Ҳамин тавр, фарзияе исбот гардид, ки шаҳри Душанбе дар замонҳои Искандари Мақдунӣ сохта шудааст…».

Қадима будани шаҳри Душанберо ковишҳои бостоншиносон дар соли 1989 низ исбот кард. Моҳи декабри ҳамон сол дар маҳаллаи Қарияи болои шаҳр ҳангоми корҳои сохтмонӣ як ­қабри қадима пайдо шуд ва аз дохили он дастпона, муҳра ва дигар ороишоти занона ёфтанд, ки ин ҷавоҳиротро занҳои ҳудуди имрӯзаи Осиёи Марказӣ дар охири асри V ва аввали асри VIII истифода мекардаанд. Дар ин бора муовини директор оид ба корҳои илмии Институти таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон ба номи Аҳмади Дониш (ҳоло Институти таърих, бос­тоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш) В. Соловьёв ба рӯзномаҳо хабар дода буд. Аз ин пештар муҳаққиқ Қаҳҳор Расулов дар мақолааш «Душанбе шаҳри бостонии тоҷик», ки онро рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» 5 феврали соли 1989 ба нашр расонида буд, зикр кардааст: «Як қатор бозёфти дар солҳои 1951-1952 ёфтшуда, аз қабили гӯшвораи аз тиллою нуқра сохташуда, ки дар он пайкараи зан ва панҷаҳои шер тасвир ёфтаанд, зину афзоли асп ва тарҳи биноҳо дар соҳили дарёи Душанбе, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ин мавзеъ ҳанӯз дар давраи подшоҳии Юнону Бохтар (асри II то милод) шаҳрчае вуҷуд доштааст».

Чанд маълумоти мухтасаре, ки пешниҳоди хонандагони арҷманд гардонидем, маълум менамояд, ки Душанбеи имрӯза дар давраҳои қадим ҳам шаҳри бонуфуз ва макони ободе будааст ва бинобар тохтутозу ҷангҳои ғосибон он хароб ва қариб ки ба нестӣ расида буд.

Дар замони шуравӣ Душанбе ба пойтахти Тоҷикис­тон табдил дода шуд, аммо таи беш аз сӣ соли соҳиб­истиқолӣ барои эҳё ва рушди пойтахти мамлакат тадбирҳое амалӣ гардид, ки давоми беш аз 70 сол як давлати абарқудрату дорои тамоми имкониятҳо ин корро накарда буд. Роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдори Душанбе баҳри рушди пойтахт нақшаҳои бузурги созандагиро амалӣ карданд ва дар натиҷаи ғамхорӣ ва дастгирии пайваста имрӯз он ба як макони афсонавӣ, дилкашу гуворо ва маркази чорабиниҳои сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Воқеан, Душанбе соат ба соат, рӯз ба рӯз ободтар мешавад, симояшро дигар мекунад ва шуҳраташ мунтазам боло меравад.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»