Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини пас аз рух додани заминҷунбии рӯзи 13-уми апрели соли ҷорӣ комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардид.
Комиссияи ҳукуматии иборат аз намояндагони роҳбарии вазорату идораҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулода, захираҳои давлатӣ, сохтмон, геология, заминсозию геодезия ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва муайян намудани ҳаҷм ва намудҳои кумаки фаврӣ ба мардуми зарардида машғуланд.
Тибқи супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷм ва роҳу воситаҳои расонидани кумак ба мардум ва бартараф намудани пасомадҳои ин офати табиӣ бояд ҳар чӣ зудтар муайян карда шуда, ба корҳо барои бартараф намудани мушкилиҳои пешомада суръат бахшида шавад.
Тибқи маълумоти то ин лаҳза дастрасшуда, дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 94 хонаи истиқоматӣ пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 хонаи дигар осеби сабук расидааст. Ҳамчунин, 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наздики 200 иншооти гуногуни дигар зарар дидаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки 13-уми апрели соли 2025 соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминҷунбӣ рух дод. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар масофаи 160 км шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 21 км шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.