Ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аз 24 то 28-уми апрели соли равон дар кортҳои тобистонаи тенниси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» шашумин Мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мешавад.
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории мусобиқаи мазкур ва ҳайати кумитаи тадорукоти мусобиқа тасдиқ шудааст. Дар ин чорабинии бонуфуз варзишгарони зиёде аз кишварҳои гуногун ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи панҷуми байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе», ки моҳи марти соли 2024 баргузор шуда буд, аз 40 кишвар 200 варзишгар ширкат варзида буданд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»