Ҳар китоб ҳатман чизеро ба хонанда медиҳад, ҳадди ақал бархе аз иттилоъро, вале китобҳои хуб на танҳо иттилоъ медиҳанд, балки хонандаро ба андеша кардан водор месозанд. Хонанда аз мутолиаи чунин китобҳо неку бадро мешиносад, сатҳи андешааш ба таври мусбат тағйир меёбад ва ба марҳилаи болотари фикрӣ мерасад.
Китобҳои хуб аслан бо забони одӣ ва ба ҳама фаҳмо иншо мешаванд, ахлоқи ҳамидаро тарғиб менамоянду инсонҳоро сӯи рӯшноӣ мебаранд. Тавре нависандаи забардасти рус Лев Толстой фармудааст: «Ашёи олии ҳунарӣ фақат ба ин далел олӣ ҳастанд, ки барои ҳама дастрас ва қобили дарканд».
Китоби «Офтоби беғуруб»-и нависанда Нозир Ёдгорӣ аз қабили китобҳои олие мебошад, ки ман имсол мутолиа кардам. Маҷмуа, ки соли 2024 аз ҷониби нашриёти «Балоғат» ба чоп расидааст, як қисса (повест), як қиссаи ҳуҷҷатӣ, понздаҳ ҳикоя, як эссе ва як ёддошти солҳои охир эҷодкардаи муаллифро дар бар гирифтааст.
Адабиётшиноси маъруф, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Аскар Ҳаким дар яке аз мақолаҳояш чунин менависад: «Асри ХХ барои иҷтимои мардуми тоҷик асре буд пур аз шиддати муборизаҳо, сохтанҳою барандохтанҳо, сарфарозию сарафкандагиҳо, асре буд, ки низоми чандсадсолаи зиндагиаш аз ҳам фуру рехт, аз нав ба тариқи тоза барқарор шуд… Дар ин шикастану бастанҳои таърих хулқу атвор, феълу хӯй, хуллас, характери халқ зоҳир гашта, қобили ҳаёт ва худсозӣ будани он бори дигар санҷида шуд. Ин ба нависанда мавод ва имкони фаровоне медиҳад, ки таъсири иҷтимоии замонро дар сарнавишти шахс ва саҳми шахсро дар дигаргунсозии иҷтимоии замон ба таҳлилу тадқиқ гирад» (Аскар Ҳаким. Маҷмуаи осор. – Хуҷанд: Ношир, 2017. Ҷилди 4).
Устод Аскар Ҳаким зимни ин таъкид дар қатори Саттор Турсун, Ҷонибек Акобиров, Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муҳаммадраҳими Сайдар, Абдурофеъ Рабизода ва дигар нависандагон, ки дар ин самт тозаҷӯиҳо ва дастовардҳои назаррас доранд, барҳақ, аз Нозирҷон Ёдгорӣ низ ном бурдааст.
Истиқлоли давлатӣ барои адибони мо озодии эҷодиро муҳайё сохт ва дар наср асарҳои аз ҷиҳати мавзую мундариҷа, шакл, сохтор, забону услуб нав ва қобили таваҷҷуҳ ба майдон омаданд. Китоби «Офтоби беғуруб» яке аз офаридаҳои арзишманди адабиёти тоҷик дар даврони истиқлол аст.
Қиссаи «Офтоби беғуруб» ва ҳикояҳо силсилаи ба ҳам пайваст буда, воқеаҳо асосан дар як деҳа мегузаранд ва қаҳрамонони онҳо, амсоли Рамазони Тоҳиру Давлати Зард, Усто Маҳмуду Саиди кафтар, кампири Сайрам ва дигарон, бо ҳам робита дошта, бо хулқу атвори худ дар дилу хотири хонанда мемонанд.
Дар омади гап, чунин падида дар адабиёти ҷаҳон маълум аст, ки онро «тамосили гузаранда» меноманд, масалан, дар асарҳои Ф. Достоевский (Вечная Сонечка), В. Аксенов (Володя Телескопов, Филларион Фофанофф) ва ғайра.
Такрори тамосил (қаҳрамонҳо) дар эҷодиёти муаллиф бо хусусиятҳои раванди эҷодӣ ва пайванди муаллиф бо ҷою макон ва одамони алоҳида вобаста буда, аз онҳо ҷудо шудан барояш душвор аст. Нозир Ёдгорӣ дар бораи қаҳрамонҳояш дар пешгуфтори «Офтоби беғуруб» менависад: «…онҳо аз қисса ба қисса, аз ҳикоя ба ҳикоя гузашта, эҷоди маро, балки худи маро пурраву қудратманд намудаанд. Ин одамонро ман дӯст медорам, чунки порае, заррае аз онҳоям…».
Одамоне, ки ба қавли муаллиф «ягон каси онҳо ба якдигар заррае бадбинӣ надоранд», бисёр шӯханд, ҳаҷви латиф доранд, баъзан бо ҳам сари масъалае хархашву ҷидол ҳам кунанд, зуд бо ҳам оштӣ мешаванд. Ба ёд оред ҳикояи «Эҳёи осиёби куҳна» ва суханони қаҳрамони он Аҳмад Нуралиро: «Биё оштӣ шавем! Дунёи дурӯза мегузарад, хоҳ бовар кунӣ — хоҳ не, некӣ мемонад…». Ин суханон ба Содиқ таъсир мекунад ва ду ҳамдеҳа, ки аз сабаби ноҷӯрии бачаҳояшон қаҳрӣ шуда буданд аввал ба ҳам даст медиҳанд ва баъд якдигарро ба оғӯш мекашанд.
Ёдгорӣ, мисли Шукшин, зиндагӣ дар шаҳр ва деҳаро як навъ муқоиса мекунад ва авлавиятҳо ва дидгоҳҳои мухталиферо дар мавриди зиндагӣ нишон медиҳад. Ҳам дар қиссаи «Офтоби беғуруб» ва ҳам дар ҳикояҳои «Эҳёи осиёби куҳна», «Даъво», «Коммунист», «Сареву савдое», «Заволи бизнеси хурд», «Тағйири лақаб», «Бобо ва набера» ахлоқи ҷомеа, хусусан ҷавонон, муносибати волидайн ва фарзандон дар маркази таваҷҷуҳи нависанда қарор гирифтаанд. Он чӣ ки дар замони ҷаҳонишавии бошитоб, рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, саноатикунонӣ ва шаҳрнишинӣ (urbanization; урбанизация) мардум торафт бештар ба шаҳрҳо, «наздиктар ба маркази тараққиёту тамаддун», кӯч мебанданд ва деҳаҳо камодам мегарданд, то ҷое муаллифро нигарон месозад.
Ногуфта намонад, ки бисёре аз мо аз деҳот баромадаем – яке пештар, дигаре баъдтар. Деҳа меодгоҳи мост. Сарчашмаю решаи ҳамаи мо дар деҳот аст. Маҳз, дар ҳамон ҷо характери миллии мо ба вуҷуд омадаю ташаккул ёфтааст.
Нозир Ёдгорӣ зодаи деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, яке аз деҳаҳои калонтарини кишварамон мебошад ва дар бисёр мақолаву очеркҳояш дар бораи одамони одӣ ва сарбаланди зодгоҳаш, ки асосан ба кишоварзӣ машғуланд, бо муҳаббат ва ихлосмандӣ қалам рондааст. Муаллиф қаҳрамонҳояшро аз наздик мешиносад, бо онҳо бисёр вохӯрда, шиштухез ва суҳбатҳо кардааст, хулқу атворашонро хуб медонад. Ин деҳа ва одамони он дар китоби «Офтоби беғуруб» тимсоли тамоми Тоҷикистон ва ҳамаи мардуми он ба назар меоянд.
Он қиссаи дилнишин ва таҳрикдиҳандаест: қаҳрамони асосӣ озими деҳа мешавад, то ки қабри модарашро зиёрат кунад, як каф дуо хонад, хонаеро, ки дар он кӯдакию наврасиаш гузаштааст, таъмир кунад, ба ифоқа орад. Ӯ дар ҳар кунҷу канори хона осори модарро мебинад ва розӣ ҳаст, ки «хонаи сеҳуҷрадорашро ба боду борон диҳаду ин ду хоначаи пастаки сақфашон ҷо-ҷо дудолудро ҳифз намояд».
Ба арвоҳи модар чунин муноҷот мекунад: «Модар! Ту аз бари ман, аз сари ман рафтӣ! Барои нигоҳ доштанат, ақаллан ба таъхир андохтани сафарат Худоро зораву нола мекардам, табибу мулло меовардам, шабҳоро паҳлӯи болини ту рӯз мекардаму рӯзҳоро шаб, вале кам кардам, яқин кам кардам; акнун, худро нафрин мехонам, ки чаро ту бемор будию ман ба кор мерафтам, ту аз дард нола мекардию маро гоҳо ғанаб мебурд… Ман аз ту қарздор мондам ва ин қарзро то қиёмат канда наметавонам…».
Ва сипас ба хонанда муроҷеъ мешавад: «Эй мардум! Фаҳмида бошед: бо ҳама чизе, ки дорем, бо оилаву фарзанд, бо дӯстону ақрабо, бо мансабу манзалат, бе Модар танҳо ва бечораю хор мешавем. Ҳузури Модар, дидори Модар беҳтарин неъмату нусрат аст. Ба қадри он ҳатман бояд расид. Баъд ҳама мисли ман орзу мекунед ва илтиҷо менамоед, ки «Илтимос, ба хобам даро, Модар! Ба хобам даро, то ақаллан дар хоб бо ту дидор бинаму суҳбат бикунам…».
Барои нависанда асос ва моҳияти ҳама чизҳои заминӣ Модар аст. Дар айни замон ӯ муҳаббат ба Модарро наметавонад бидуни муҳаббат ба Ватан тасаввур намояд, барояш ин ҳар ду ба ҳам тавъаманд. Ва ин пайвастагӣ ҳамчун як хати қирмиз аз тамоми нигоштаҳои адиб мегузарад. Ҳатто унвони китоб ба ҳамин маънии воло ишора мекунад.
Оё метавонад офтоб беғуруб бошад? Вақте ман ин суолро ба «зеҳни сунъӣ» додам, чунин посух гирифтам: «Бале, метавонад. Дар рӯи Замин ҷойҳое ҳастанд, ки офтоб ғуруб намекунад, масалан, дар Қутби Шимол (Арктика). Дар он ҷо падидае вуҷуд дорад, ки офтоб беш аз як шабонарӯз зери уфуқ фурӯ намеравад ва ин ҳолат беш аз шаш моҳ идома меёбад», вале «зеҳни сунъӣ» намедонад, ки дар Тоҷикистон низ офтоб ғуруб намекунад. Нозир Ёдгорӣ аз қавли қаҳрамони марказии қиссааш ин ҳолатро чунин баён доштааст: «Ногоҳ аз дилам гузашт, ки дар ин ҷо (манзур деҳае, ки дар он воқеаҳои асар мегузаранд – С.С.) офтоб ҷовидонӣ буда, асло ғуруб намекунад, чунки ҳар кас дар дили гарми худ офтобе дорад. Ҳама гӯё ба кору бори одию муқаррарии худ, ба зиндагии худ машғуланд, вале онҳо бе ҳамдигар зиндагӣ карда наметавонанд. Онҳо якдигарро дӯст медоранд, ба ҳамдигар хеле наздиканд. Ин ҳамон муҳаббат ва наздикии байни одамон аст, ки дар ҳама асру замон боиси наҷоти бани одам, то замони мо зинда мондани одамизод ва идома ёфтани зиндагӣ гардидааст».
Офтоби беғуруб моҳиятан, аз рӯи дарку тасвири муаллиф, Ватани азизи мо – Тоҷикистон аст.
Ин ҷо чунин мисраъҳои шоире ба ёд меоянд:
Ишқ – яъне офтоби беғуруб,
Ишқ – яъне осмон, яъне фурӯғ.
Ишқ – яъне дил тапидан баҳри дӯст ,
Ишқ – яъне ҷони ман қурбони ӯст.
Яъне, мавзуъ ва ангезаи асосии китоби «Офтоби беғуруб» ишқ аст, муҳаббат аст: муҳаббат ба Ватан, ба Модар, ба волидон, фарзандон, хешу ақрабо, ёру дӯстон, ба тамоми ҳамзамонон, ҳамзаминон. Муҳаббат ба инсонҳо, ба меҳнати ҳалол, ободкорӣ, зебоӣ ва зебоипарастӣ, ки ин ҳама асоси зиндагист.
Қаҳрамони марказии қисса ба деҳа меравад ва зану фарзанди худро, ки дар шаҳранд, ёд мекунад. Дар шаҳр ёди деҳа, ёди модару хола, ҳамдеҳагонаш мекунад.
Ба ақидаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ишқ сарчашмаи ҳаёт, такондиҳандаи ҳама гуна ҳаракат, сабаби таҷдиди коинот, неруи тағйирдиҳанда ва дигаргунсозандаи олам аст.
Ин аз мавзуъҳои асосӣ ва ҷовидонии адабиёт аст. Ва ҳар нависанда ва шоир кӯшиш мекунад онро бо нигоҳи нав, аз рӯи дидаву шунидаҳои худ ва эҳсосоти шахсии худ тасвир кунад. Чуноне Нозир Ёдгорӣ кардааст.
Ҳамин минвол, дар қиссаи ҳуҷҷатии «Бо ҷодаи нур», эссеи «Корнамоӣ дар марзи номус» ва ёддошти «Бародари ман – Шоҳмузаффар Ёдгорӣ» муаллиф бо муҳаббат дар бораи одамони сарбаланде ҳарф мезанад, ки зиндагиномаи онҳо, кору фаъолияти онҳо саршор аз муҳаббат ба Ватани худ — Тоҷикистон мебошад.
Қиссаи ҳуҷҷатии «Бо ҷодаи нур» ба ҳаёт ва фаъолияти аввалин энергетик аз тоҷикони водии Кӯлоб Иброҳим Исмоилов, ки шабакаҳои барқи минтақаи ҷанубии кишварро роҳбарӣ мекард, бахшида шудааст. Иброҳим Исмоилов ва баъдан писараш Мирзо Исмоилзода чандин сол сарварии ширкати «Барқи тоҷик» (собиқ «Тоҷикглавэнерго»)-ро бар уҳда доштанд. Муаллиф дар зимн аз устодону ҳамкорон ва ҳамсафони Иброҳим Исмоилов – ректори ҳамонвақтаи Донишкадаи политехникӣ (ҳоло Донишгоҳи техникӣ) академик Муҳаммад Осимӣ, Василий Люлчак, Иван Ломакин, Амирхон Ғозиев, Баҳром Сироҷев, Пётр Непорожный, Ҳамза Аҳмедов, Сафаралӣ Ниёзов, Абдулло Ёров, Самӣ Шариф ва бисёр дигарон, ки якҷоя дар ташаккул ва рушди низоми энергетикии Тоҷикистон ҳиссаи сазовор гузоштаанд, бо камоли қадршиносӣ ёдовар шудааст.
Нависанда роҳи паймудаи онҳоро ба «ҷодаи нур» ташбеҳ додааст, ҷодае, ки қувваи «бо пӯлоду оҳан аз оби дарё нур полондан, онро қадам ба қадам бо пояҳои азамат ва вусъати хати симин ба тамоми кишвар, ба ҳар хонадон интиқол додан дорад», ҷодае, ки «дили деҳа-деҳа ва шаҳр-шаҳр одамонро гарму рӯшан ва зиндагиро барои онҳо осону гуворо намудааст».
Эссеи «Корнамоӣ дар марзи номус»-ро як навъ солномаи сохтмони бузургтарин иншооти аср – НБО «Роғун» метавон ном бурд, ки дар он муаллиф маҷмуи далоил ва арқоми саҳеҳ, гуфтугӯҳо ва гирумонҳои қобили таваҷҷуҳ, аснод ва ахбори таърихиро фароҳам овардааст. Бешак, ӯ беҳтарин намунаи публисистикаро дар ин мавзуъ офаридааст. Дар охирсухан ба он нависанда чунин нигоштааст: «Ман дар бораи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бисёр хондаам ва навиштаам. «Роғун»-ро хеле хуб эҳсос мекунам ва дӯст медорам; бо он чӣ медонистаму медонам, бо он ки зиёда аз бист сол боз бо системаи энергетикии кишвар робитаву алоқа дорам, дар муборизаи шадиде, ки барои бунёди «Роғун» ангехта буданд, ширкат варзидаам ва то ҷое метавонистам, Роғунро ҳифз ва тарафдорӣ намудам…».
Воқеан, Нозир Ёдгорӣ аз ибтидои солҳои 2000-ум ба ҳайси сардори хадамоти матбуоти ҶСК «Барқи тоҷик» фаъолият кардааст ва чуноне мегӯянд, «дар деги ин соҳа ҷӯшидааст», бинобар ин, навиштаҳояш дар ин мавзуъ пухтаву хуштаъманд ва хонанда онҳоро хуб ҳазм мекунад. Шоири шаҳири Амрико Генри Лонгфелло хуб гуфтааст: «Ҳамин ки шахсияти нависандаро дарк кардед, дарки осори ӯ бароятон душвор нахоҳад буд».
Бале, Ёдгорӣ дар мавзуи «Роғун» зиёд навиштааст. Яке аз китобҳои дигари ӯ соли 2010 бо номи «Роғун» — ҳамкори офтоб» дар айни «мухолифат ва муборизаҳо ба муқобили Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба табъ расида буд. Чунин ном гирифтани китоб, ба қавли муаллиф, «ба он маънӣ буд, ки манфиати Роғуни мо, тавре офтоб ба ҳама – ба хубу ганда, ба баду нек, ба сарватманду бечора – баробар нуру зиё мебахшад, ба тамоми ҷомеа мерасад. Он амсоли офтоби дувуме хоҳад гашт, ки аз кишвари мо тулӯъ намуда, минтақаро нуру ҳарорат хоҳад дод…».
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми сиёсатшиносӣ, ходими намоёни давлатӣ Асадулло Раҳмон ба китоби дигари Нозир Ёдгорӣ — «Ваҳдати моро шаҳодатнома дод» (Душанбе, «Балоғат», 2020) сарсухан навишта, чунин зикр намудааст: «Ҳар як сухани муаллиф дар ин китоб самимист. Вақте сухан самимӣ бошад, гӯшнавоз мешавад ва он дар зеҳну тафаккури хонандаи закӣ ҷойгоҳи худро меёбад».
Як мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ба ёдам меояд, ки 8-уми декабри соли 2009 дар Хонаи радио баргузор шуда буд. Пешвои миллат ба котиби матбуотии ширкати «Барқи тоҷик», нависанда ва журналист Нозир Ёдгорӣ барои ҳимояи фаъолонааш аз манфиатҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистон аҳсант хонда буданд.
Аз он пештар, соли 1997, дар анҷумани XI нависандагони Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон чунин савол ба миён гузоштанд: — Ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстии мардумро кӣ бояд баланд бардорад? Ва худ посух дода буданд: шоир, нависанда, олим, рӯзноманигор.
Ба андешаи камина, китоби тозанашри яке аз адибони номдори мо Нозир Ёдгорӣ «Офтоби беғуруб» ҳамчун чакомаи муҳаббати муаллиф ба Тоҷикистон ва мардуми он чун дигар асарҳои қаблиаш, ба ин арзёбии Пешвои миллат пурра ҷавобгӯ мебошад.
Саидалӣ СИДДИҚ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон