Имрӯз ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаю созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти кишварамон ба шаҳри гулпӯшу дилрабо, макони писандидаи сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст. Ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ садҳо навори видеоӣ аз боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе манзур мегардад. Ҳазорон нафар дар зери ин наворҳо бо меҳру муҳаббат ва изҳори ҳайрат ба тарроҳону бунёдкорони боғу гулгаштҳо аҳсан хонда, орзуи дидани ин зебошаҳрро мекунанд.
Боғҳои фарҳангию фароғатии Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Куруши Кабир, Алишер Навоӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Ҷавонон ва ғайра дили ҳар бинандаро тасхир месозанд. Кас дар ин боғҳо қадам зада, чашмонаш пурнур, қалбаш пур аз сурур ва ҷисмаш неруманд мегардад. Дар натиҷаи зиёд гардидани масоҳати боғу гулгаштҳо, сабзазор намудани шафати роҳҳои нақлиётӣ ва самаранокии корҳои ободонию сабзазоркунӣ алҳол зиёда аз 25 дарсади ҳудуди пойтахти мамлакатро минтақаи сабзазор ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Тавре ки мушоҳида мекунем, шаҳри Душанбе сол аз сол ободу зебо ва ҳудуди он васеъ мегардад. Ҳамзамон бо ин, ҳамаи мо ва дар навбати аввал масъулони шаҳрдориро зарур аст, ки барои таъмини зиндагии орому осудаи сокинон, фаъолияти босамари корхонаву муассисаҳо ва будубоши мусоиду бофароғати меҳмонон тамоми шароитро муҳайё созем. Мо бояд дар пойтахт чунин фазоеро фароҳам оварем, ки ҳар як меҳмон имконияти ошноии ҳамаҷониба пайдо кардан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии мардуми куҳанбунёдамонро дошта бошад ва муҳаббату меҳмоннавозӣ, муносибати дӯстона ва хайрхоҳонаи моро эҳсос намояд. Дар ин раванд, ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки пойтахт симо ва оинаи давлату миллат мебошад ва барои покизаву пурҷило нигоҳ доштан ва ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ кардани он ҳамаи сохтору мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳар як сокини пойтахт масъулият доранд».
Шаҳри Душанбе, воқеан, дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ҷаҳони муосир мақоми шоиста касб намуда, ба ҷаҳониён бо чеҳраи наву замонавӣ ҳамчун «шаҳри сабз» ва маҳбуби дилҳо муаррифӣ гардид. Чунончӣ, соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба Душанбе мақоми «Шаҳри сулҳ» дода шуд. Соли 2010 бо қарори Созмони ҳамкории исломӣ шаҳри Душанбе «Пойтахти фарҳанги исломӣ» эълон гашт. Инчунин, соли 2016 пойтахти кишварамон сазовори ҷоизаи «Шаҳри сабз»-и Бунёди «Роҳи абрешим» шуд.
Хоҷа Насируддини Тӯсӣ дар китоби «Ахлоқи Носирӣ» чунин фармудааст: «Тавре ки неруи тан дар хислати табиист, неруи хислат дар руҳ, неруи шаҳрҳо дар ҳокимонашон, неруи ҳокимон дар сиёсат, неруи сиёсат бошад, дар хирад ниҳонанд. Ҳангоме ки дар шаҳр хирад эътироф мешавад ва он ҷо қонуни ҳақ ҳукмравоӣ мекунад, назму тартиб мешавад ва майлу такомулаш ба зуҳур меояд».
Шаҳри Душанбе чанд сол боз макони баргузории чорабиниҳои азими байналмилаливу ҷаҳонӣ ва мавзеи диданибоби сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Ташрифи теъдоди зиёди меҳмонон дар Наврӯзи имсола гувоҳи ин гуфтаҳост. Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», соли гузашта дар пойтахти кишвар беш аз ду ҳазор нафарро аз 100 давлати аъзои СММ ба ҳам овард.
Аз 28 то 31-уми майи соли равон баргузории аввалин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар назар аст. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд бори дигар кишвари мо ва пойтахти зебои онро дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон ҷой хоҳад дод.
Барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шаҳри Душанбе маҳбуби дилу дидаҳо гардидааст. Ҳақ бар ҷониби Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим аст, ки фармуда:
Рӯи ту аз рӯи ҷаҳон беҳ,
Ҳар кӯчаат аз Каҳкашон беҳ.
Эй шаҳри руҳафзо, Душанбе,
Эй сайқали дунё, Душанбе.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»