Аз файзу баракати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва иттиҳоду сарҷамъии миллати тоҷик пойтахти Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр — шаҳри Душанбе ба чаманзори муаттар, бӯстони дилрабо, мавзеи биҳиштосову руҳпарвар табдил ёфтааст. Ба зебоӣ, латофат ва рушду пешрафти босуръати шаҳри Душанбе назар карда, бори дигар мутмаин мешавем, ки вориси худшиносу худогоҳи миллати тоҷик дар симои шаҳрдори хирадманду дурандеши он муҳтарам Рустами Эмомалӣ рисолати шаҳрсозии ниёгони соҳибтамаддуни хешро эҳё намудаю сарбаландона идома медиҳад.
Воқеан, пойтахти Тоҷикистони зебоманзар бо гулгашту хиёбонҳои ороста, боғҳои фарҳангию фароғатӣ гулистонро мемонад. Пиру барно ҳамагӣ дарк мекунанд, ки ин замини зархезу файзбор, ин хоки муқаддаси пурганҷро танҳо меҳру муҳаббат, меҳнати созандаю самимӣ сабзу хуррам кардааст.
Имрӯз Душанбе ба сифати маркази бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ эътироф гаштааст. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол бузургтарин ҳамоишҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию маданӣ ва варзишӣ баргузор мегардад, ки дар боло рафтани мақому манзалати Душанбе ва муаррифии шоистаи он ба аҳли сайёра мусоидати бештар кард.
Воқеан, Душанбе ҳамасола зеботару маҳбубтар мегардад. Шаҳри дилҳо, шаҳри меҳру садоқат, шаҳри сулҳу ваҳдат бо иқдом ва талошҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун гаҳвораи камолот рӯз ба рӯз симои худро тағйир медиҳад, боз ҳам ободу зеботар мегардад.
Имрӯз баръало эҳсос мешавад, ки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун як фарзанди содиқ ва созандаву ташаббускор аз давлати соҳибистиқлол ва ниёгони хеш, забону фарҳанги миллӣ ифтихор доранд, баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ ва шукӯҳи бештар ёфтани пойтахти Тоҷикистон талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин талошҳои созанда буд, ки тайи солҳои охир якбора шаҳомати Душанбе афзуд, ҳудудаш васеъ, намояш зебову хуррамтар, шуҳратёру дилоро гардид. Биноҳои баланду серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишгоҳу донишкадаҳои маъруф, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба Душанбе ҳусни дигар зам кардаанд.
Корномаю хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, меҳнату талош, ҳамдилӣ ва иттиҳоди халқи тоҷик дар атрофи давлату Ҳукумати мамлакат буд, ки Тоҷикистон ва пойтахти он шаҳри Душанбе ба даҳгонаи амнтарин шаҳрҳои олам шомил гардид. Воқеан, баргузории конфронсу ҳамоишҳои байналмилалии сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳузури роҳбарону намояндагони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе эътимоду боварии ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба суботу оромӣ ва амнияти давлату кишвари тоҷикон бештар намудааст.
Бо баракати ҳамин ташаббусҳои созанда имрӯз шуҳрату шони Душанбе ҳамчун нигини Тоҷикистон машҳури олам гашта, паёми саодату сарбаландии тоҷиконро ба мардуми ҷаҳон мерасонад.
Самандар ИСКАНДАРЗОДА,
директори «Телевизиони Тоҷикистон»