Душанбеи гулпираҳан, ки маркази муҳимтарин чорабиниҳои сатҳи минтақаю ҷаҳонӣ гашта, дар он ҳамасола садҳо коршиносони соҳаҳои гуногун аз кишварҳои мухталиф ба ҳам меоянд, бо таърихи бою рангин, санъати баланди меъморӣ, маҷмааву боғҳои фарҳангӣ, роҳу пулҳои бисёрсатҳа, корхонаҳои азими саноатӣ яке аз муҳимтарин шаҳрҳои сайёҳӣ маҳсуб меёбад. Соли 2017 маҷаллаи «The Telegrah» (Британияи Кабир) Душанберо аз ҷумлаи 20 шаҳри тамошобоби қитъаи Осиё муаррифӣ намуда буд. Солҳои минбаъда пойтахти кишвари мо боз ҳам рушд намуда, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ мустаҳкам гашт.
Рушду шаҳомати пойтахти кишварамон дар чорабиние, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе 16-уми апрели соли равон доир намуд, бештар эҳсос гашт.
Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо ҳузури муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Ҷамшед Ҷумахонзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ва як гурӯҳ рӯзноманигорон, аъзои Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» доир шуд.
Дилбар Одилзода аз таърихи пойтахти кишвар, рушди бесобиқаи он дар марҳилаи нави давлатдорӣ ва ҳамчун шаҳри сайёҳӣ мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифтанаш ёдовар шуд. Аз ҷумла гуфт: «Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Душанбе шаҳри зоҳиран ҷавони дорои таърихи қадима аст. 101 сол аст, ки бо ифтихор вазифаю масъулияти мақому мартабаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дӯш дорад. Пойтахти кишвари мо таҳти сарварии шаҳрдори некбину ояндасоз муҳтарам Рустами Эмомалӣ рисолати хешро ҳамчун маркази давлати соҳибихтиёри тоҷикон дар рушди самтҳои гуногуни ҳаёти мамлакат муваффақона иҷро намуда, ба меҳвари ташаббусҳои наву созанда ва шаҳри саёҳату сайёҳӣ мубаддал гардидааст».
Баъд аз маросими ифтитоҳи чорабинӣ аксҳое, ки суратгири маъруфи кишвар Дидор Саъдуллоев аз манзараҳои Душанбе бардоштааст, ба маъраз гузошта шуд.
100 акси манзургашта бозгӯи талошҳои созандаю бунёдкоронаи Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси пойтахти кишвар муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.
Мо Душанберо дар ин аксҳо на танҳо ҳамчун симои миллати тоҷик ва дарвозаи асосии вуруди меҳмонону сайёҳон ба мамлакат мебинему мешиносем, балки маркази рушди тамаддуни замони нав, инкишофи илму фарҳанг дармеёбему эътироф мекунем.
Ин силсилааксҳо зарфияти сайёҳии мамлакат, бахусус пойтахти кишварро шоиста муаррифӣ менамоянд.
Сипас, сайри журналистон (прес-тур) оғоз гашт. Хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ — автобусҳои дуқабатаи «Сайри Душанбе» мо — гурӯҳи журналистонро аз Майдони Истиқлол сайри Душанбе, сӯи бисёр ҷозибаҳои гардишгарии шаҳр бурд.
Майдони Истиқлол бо бурҷи ҳамном, ки мо онро рамзи бахти миллат, манораи сулҳу озодӣ медонем, аз ҷолибтарин мавзеъҳои сайёҳии Душанбе мебошад. Ин ҷо ҳар ҷузъиёт рамзу розе дорад. Сайёҳон дар ҳамин макон имкон доранд бо таърихи зиёда аз 6-ҳазорсолаи тоҷикон тавассути 14 деворнигораи атрофи манора, ки намунаи ҳунари волои халқи тоҷик буда, аз давлатдории шоҳони аввалини ориёӣ — Каюмарсу Ҷамшед то рӯзгори имрӯзаи миллати тоҷикро мунъакис мекунанд, ошно шаванд.
Маҷмаа 121 метр дарозӣ дошта, қисми поёниаш 30 метр — ифодакунандаи 30-солагии истиқлоли кишвар аст. Қисмати болоӣ 91 метр тӯл кашида, пайванд бо соли ба даст овардани Истиқлоли давлатист. Дар болои маҷмаа тоҷи қутраш 8-метра ҷилва дорад, ки рамзи давлатдорию соҳибистиқлолӣ ва соҳибтамаддунии миллати бостонии тоҷик аст. Он рамзи дарахти ҳаёт низ ҳаст, ки зиндагии ҷовидонаву сарсабзию устувориро дар худ таҷассум менамояд.
Ошёнаи аввал аз ҳунари волову санъати бемисли миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ ба фазои бино, хоса ошёнаи аввал, руҳи миллӣ бахшидаанд.
Ошёнаи дуюмро, ки дар он Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе созмон ёфтааст, ошёни худшиносӣ метвон унвон кард. Он дар худ садҳо далел аз таърихро ҳифз намудааст ва гузаштаю имрӯзро ба ҳам мепайвандад. Дар осорхона экспонатҳое ҷой дода шудаанд, ки ҳини ҳафриёт аз ҳудуди шаҳри Душанбе пайдо гардидаанд. Ҳар кадоми он ифодагари давраҳои гуногуни таърихи Душанбешаҳрамон мебошанд.
Тахти рамзии шоҳ Исмоили Сомонӣ диққати ҳар бинандаро ба худ мекашад.
Мавзеъҳои сайёҳии Душанбеи азизи мо кам нестанд ва инро бештар замоне эҳсос менамоед, ки ба он ҳамчун сайёҳ назар меафканед. Тибқи ҳафриёти бостоншиносон ҳудуди Душанбе, махсусан соҳилҳои дарёҳои Варзоб, Лучоб ва Душанбе, аз ҷое, ки Лучобу Варзоб ба ҳам пайваст мешаванд ва дарёи Душанберо ба вуҷуд меоранд, маскангоҳи одамони ибтидоӣ будааст. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар ҳудуди имрӯзаи Душанбе одамони нахустин ҳанӯз 220-250 ҳазор сол қабл маскун буданд.
Имрӯз Душанбе аз марказҳои бузургтарини фарҳангию маданӣ ва саноатии Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Бо мақсади мутобиқ намудани иншооти сайёҳии пойтахт ба меъёрҳои байналмилалӣ пулҳои қаторагард, роҳҳои сесатҳа ва дусатҳа, истгоҳҳои наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳоло масҷиди бузургтарини Осиёи Миёна дар Душанбе ҷойгир аст, ки зиёда аз 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Он бо назардошти санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳон, дар масоҳати 12 гектар бунёд шудааст.
Аз назди Маркази Исмоилия наметавон бетаваҷҷуҳ гузашт. Ин панҷумин Маркази Исмоилия дар ҷаҳон ва нахустин дар Осиёи Марказӣ аст. Қаблан чунин марказҳо дар Британияи Кабир, Канада, Португалия ва Амороти Муттаҳидаи Араб сохта шудаанд. Меъмории ғайримуқаррарии марказ таваҷҷуҳбарангез аст. Санъати зебои он ифодагари ҳунари волои меъморони Осиёи Марказӣ мебошад.
Яке аз маконҳои дигари дилрабои шаҳр Кохи Наврӯз маҳсуб меёбад, ки соли 2014 бунёд гаштааст. Аз панҷ табақа иборат буда, 40 ҳазор метри мураббаи он кори дасти ҳунармандони тоҷик аст. Толорҳо бо ҳунарҳои миллии мардуми тоҷик, аз қабили гаҷкорӣ, кандакорӣ дар чӯб, мозайка, сангтарошӣ, оинабандӣ шудаанд. Зимнан, ин кохи беназир соли 2019 ба унвони яке аз ҳашт муъҷизаи муосири Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шуда буд.
Автобус аз назди «Кӯли ҷавонон», шар-шараи назди «Наврӯзгоҳ», «Боғи Парчам», «Осорхонаи миллӣ», ки аз мавзеъҳои дидании пойтахтамон маҳсуб меёбанд, гузашта моро сӯи кӯчаи марказӣ мебарад.
Кӯчаҳои шаҳр тозаю озодаанд. Аз қабати дуюми автобус Душанбе зеботар ба назар мерасад. Боди серуни баҳор аз атроф атри гулҳоро ба машом меорад. Аз ҳар ҷониб садои мусиқӣ, хандаи тифлакони маъсум ба гӯш мерасад. Сари ҳар қадам сайёҳонро вомехӯрем, ки дар кӯчаҳои шаҳр сайр мекунанд. Ба кадом тарафи шаҳр ки назар меафканем, корҳои сохтмонӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Душанбе имрӯз зебост, аммо фардо шукӯҳи дигаре ба худ касб хоҳад кард.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»