Дар баробари вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва бархӯрди манфиатҷӯёнаи абарқудратҳо тағйирёбии иқлим низ инсониятро нигарон кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 апрели соли ҷорӣ дар ифтитоҳи Ҳамоиши сатҳи баланди «Осиёи Марказӣ дар баробари мушкилоти глобалии иқлим: муттаҳидшавӣ барои шукуфоии умумӣ» аз ҷумла таъкид намуданд: «Тамоми ҷаҳон имрӯз рӯбарӯйи мушкилоти тағйирёбии иқлим қарор дорад ва минтақаи мо низ аз ин истисно нест».
Мувофиқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти СММ солҳои 1960-1970 масоҳати ҷангалзори сайёраи замин на кам аз 7,8 миллиард гектар ва шумораи аҳолии сайёра 3,020-3,62 миллиард нафарро ташкил медод. Солҳои 2018-2022 масоҳати ҷангалзори сайёраи замин ба 4,2 миллиард ва шумораи аҳолӣ ба 7,97 миллиард расид. Яъне, тайи 50-60 сол ҷангалзор 45-46 дарсад кам ва шумораи аҳолӣ 1,49 маротиба зиёд шудааст.
Дар як сол на кам аз 260 миллион тонна партовҳои оксиди силитсий,160 миллион тонна партовҳои дуоксиди сулфур, беш аз 200 миллион тонна партовҳои дуоксиди карбон, зиёда аз 80 миллион тонна партовҳои гази метан, зиёда аз 100 миллион тонна пайвастаҳои хлордор хориҷ шудааст, ки боиси заҳролудшавии ҳавои атмосфера ва шиддатнок гардидани тағйирёбии иқлим мебошанд.
Бинобар вазъи баамаломада Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал оварданд, ки кишварҳои минтақа якҷоя кӯшиш намоянд ва ҷомеаи чаҳонӣ дар бартарафсозии ин мушкилот бояд ба ҳамдигар кумак расонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми бист соли охир роҷеъ ба рафъи мушкилоти марбут ба обу иқлим дар арсаи ҷаҳонӣ пешсаф мебошад ва ташаббускор маҳсуб мешавад. Аз ҷумла, қабули 14 қатъномаи дахлдори Маҷмаи умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи глобалӣ дар соҳаи захираҳои об заминаи мустаҳкам гузошт.
Ҳифзу беҳдошти табиат борҳо аз минбарҳои баланди сатҳи байналмилалӣ аз тарафи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст. Дар дохили кишвар низ барои кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим тадбирҳо зиёданд. Тавре маълум аст, дар ду даҳсолаи садаи XXI бинобар гармшавии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида мешавад. Аз ин лиҳоз, дар кишвар «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул шуда, тибқи ин барнома Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши зикршуда бори дигар таъкид карданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи захираҳои обии минтақа мебошанд ва 60 дарсади онҳо дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад. Мутаассифона, таъсири тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардидааст. Аз 14 ҳазор пирях дар Тоҷикистон 1300 пирях дар панҷоҳ соли охир комилан об шудааст. Ин тамоюли хеле ташвишовар аст, зеро пиряхҳои мо танҳо манбаи об набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд.
Маҷмаи умумии СММ бо ибтикори Тоҷикистон соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 мартро «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» эълон намуд. Тавре маълум аст, моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир мешавад, ки ин боз як нақши назарраси Тоҷикистон дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хоҳад буд.
Бар асари тағйирёбии иқлим дар баробари нобудшавии пиряхҳо сол ба сол меъёри боришот ва захираҳои об кам шуда, зарари он ба соҳаҳои гуногун баръало мушоҳида мегардад. Дар чунин шароит истифодаи оқилонаю сарфакоронаи об ҳатмӣ мебошад. Дар моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он» омадааст: «Оби нӯшокиро барои эҳтиёҷоти маишӣ ва истеҳсолӣ самаранок ва оқилона истифода баранд. Ҳаққи хизматрасонии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партовро мувофиқи тарифҳои муқарарраргардида сари вақт пардохт намоянд».
Айни ҳол нисбат ба солҳои пеш истифодаи об 2,5 маротиба зиёд шуда, аз ҳар як нафар масъулиятшиносиро талаб мекунад. Беаҳамиятӣ ба ин масъалаи муҳими ҳаётӣ, ифлосшавии он боиси зери суол рафтани таъмини амнияти озуқаворӣ, кам шудани истеҳсоли маҳсулот, баланд шудани сатҳи камбизоатӣ, зиёд шудани заминҳои холимонда (яъне дегидрататсия), афзоиши касалиҳои гуногун ва ғайра мегардад. Бинобар ин, истифодаи технологияҳои муосири каммасраф шарти асосии кам кардани талафоти об ба ҳисоб меравад.
Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон