17-уми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо зарардидагони заминларза, ки 13-уми апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рух дода буд, вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар деҳаи Ярхаби деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт бо оилаҳои зарардида иброз намуд, ки баъди рух додани заминларза бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ба ноҳияҳои водии Рашт сафарбар гардида, 15-уми апрел дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидагони заминларза кумакҳо иборат аз хӯрокворӣ, ашёи хоҷагидорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ фиристода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорат ва таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт рафта, аз вазъи саломатии ҳар як нафари дар натиҷаи офати табиӣ осебдида хабар гирифт.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода дар деҳаи Аскалони ноҳияи Рашт бо оилаҳои зарардида аз заминларза мулоқот намуда, аз манзилҳои истиқоматии осебдида дидан намуд.
Сипас, дар идомаи сафар Файзалӣ Идизода ба ноҳияи Тоҷикобод рафта, бо сокинон ва оилаҳои зарардида мулоқот анҷом дода, аз манзилҳои истиқоматии оилаҳои зарардида, инчунин, аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ва маркази саломатии «Бӯстон» дидан намуд.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва рафти расонидани кумакҳои аввалия ба мардуми зарардида таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Зарардидагони офати табиӣ иброз доштанд, ки аз кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари вақт бархӯрдор гардида, ба Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар барои ғамхориҳои доимӣ изҳори сипос намуданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»