17-уми апрели соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Федератсияи Россия сафар карданд.
Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
17-уми апрели соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково меҳмони олиқадр — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони расмии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва маъмурияти шаҳри Санкт-Петербург, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
17-уми апрели соли ҷорӣ дар ҳошияи ҷаласаи Шуро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия, ки дар рушду тавсеаи мунтазами онҳо талошҳои муштараки сарони ҳар ду давлат нақши калидӣ доранд, баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки саҳми робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла фаъолияти густурдаи комиссия оид ба ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия, дар таъмиқи муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия назаррас аст.
Ҷонибҳо аз тамоюли мусбати рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Истифодаи босамари зарфиятҳои мавҷуда дар самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, саноат, аграрӣ ва илму фарҳанг зарур дониста шуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ низ табодули афкор намуданд.
17-уми апрели соли 2025 дар доираи сафари корӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки дар заминаи эътимоду боварии мутақобила рушду тавсеа меёбад, баррасӣ намуданд.
Имзои Аҳдномаи байни ду кишвар дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ рӯйдоди муҳими таърихӣ номида шуд.
Ҳар ду ҷониб аз тавсеаи бемайлони равобити байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Олий Маҷлис изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба рушди босуръати муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро муҳим шумориданд.
Дар идомаи суҳбат доир ба масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор шуд.
17-уми апрели соли равон дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур, инчунин, Раиси Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзнома дар Шурои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳо доир ба ҷамъбасти фаъолияти Шурои Ассамблеяи байнипарламентӣ дар соли 2024, ташкили мушоҳидаҳои интихобот дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамкории кишварҳои созмон оид ба таҳкими амнияти наздисарҳадӣ дар марзҳои берунӣ ва дигар масоили ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.
www.majmilli.tj