19 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати Убайдулло Қурбонов ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор шуд.
Ба рӯзномаи ҷаласа ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ворид гардид.
У.Қурбонов зимни пешниҳод ва шарҳи муфассали масъалаҳои пешниҳодгардида, аз ҷумла зикр намуд, ки мақсади қабули қонунҳои мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои онҳо ба қонунгузории ҷорӣ, такмил ва таҳрири забону баён, бартараф кардани номутобиқатии дохилии меъёрҳои қонунҳои амалкунанда иборат аст.
Сипас, аъзои Кумита фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои мазкур баён карданд. Баъди андеша ва муҳокимарониҳо оид ба масъалаҳои баррасишуда хулосаҳо қабул ва ба Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум». Суратгир А.ИСОЕВ