Дар деҳаи Ҳаёти нави деҳоти Лоҳури ва дар деҳаи Боғаки деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз мусобиқаи гӯштингирӣ доир гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа раиси ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд.
Дар ин мусобиқа барои ғолибон ҷоизаҳои гуногун, аз ҷумла ду автомобили сабукрав пешбинӣ гардида буд, ки як автомобил насиби паҳлавон аз деҳаи Баҳористони ноҳияи Рӯдакӣ — Бобо-паҳлавон гардид, ки ӯ рақиби хеш — намояндаи ноҳияи Панҷ Эмомалӣ-паҳлавонро мағлуб намуд.
Исмоил САИДОВ,
ноҳияи Рӯдакӣ