Яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихие, ки 31-уми марти соли равон зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ба вуқӯъ пайваст, мавриди истифода қарор гирифтани хати интиқоли барқи 500 кВ «Датка-Суғд» мебошад. Хати интиқоли барқи 500 киловолтаи мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 сохта шудааст, ки шабакаҳои барқи Тоҷикистону Қирғизистонро бо ҳам мепайвандад.
Қабл аз ин рӯйдоди фараҳбахш, дар доираи лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000 дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон сохтмони истгоҳи конверторӣ ба иқтидори 1300 мегаватт ба анҷом расид. Иншооти мазкур дар 43 гектар доман паҳн карда, таҷҳизоти асосии он дар 25 гектар ҷойгир шудааст. Чунин истгоҳи барқӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ беҳамто буда, дар асоси технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бунёд гардидааст. Он аз марҳилаи санҷиши техникӣ бомуваффақият гузашт.
Тавре сармутахассиси лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000 Исмоили Усмоналӣ иброз дошт, зимни бунёди иншооти мазкур тамоми чораҳо андешида шудааст, то талафоти барқ пешгирӣ шавад. Таҷҳизоти насбшуда аз маркази идоракунии истгоҳи конверторӣ назорат ва идора мешавад. Истгоҳ пурра бо камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз аст.
Зимни боздид аз истгоҳи конверторӣ намояндаи ширкати «Кобра» Набиҷон Тоҳиров ва ширкати «Ҳитачи энерҷи» Винод Кумар дар бораи риояи қоидаҳои бехатарӣ дар иншооти мазкур ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки то ин дам васлу насби конструксияҳои металлӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурӣ ба анҷом расида, аз озмоиш гузаштаанд.
Таҷҳизоти истгоҳи конверторӣ асосан аз Шветсия, Австрия, Кореяи Ҷанубӣ, Чин, Швейтсария ва Ҳиндустон ворид шудааст. Бунёди иншооти мазкур имкон медиҳад, ки интиқоли барқ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ самаранок амалӣ гардад. Дар назар аст, ки баъд аз пурра васл намудани хатҳои интиқоли барқи баландшиддат аз марзи Афғонистону Тоҷикистон то Навшераи Покистон дар давраи баҳору тобистон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон 1300 мегаватт неруи барқ ба Покистон интиқол дода шавад.
Лоиҳаи мазкур на танҳо ба рушди инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон мусоидат менамояд, балки дар таъмини устувории низоми барқи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ низ нақши муҳим дорад.
Амалишавии лоиҳаи CASA — 1000 далели возеҳи саҳми Тоҷикистон дар рушди иқтисоди «сабз» ва гузариш ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мебошад.
Боздид аз иншооти мазкур моро ба ояндаи неки ин тарҳи муҳими минтақавӣ хушбин намуд. То ин дам аз баракати амалисозии тарҳи CASA — 1000, аз ҷумла лоиҳаи дастгирии ҷомеа мактабу боғчаи кӯдакон, бунгоҳи тиббӣ, роҳу пул, хатҳои нави интиқоли неруи барқ ва ғайра бунёд гардиданд. Баъд аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани тарҳи CASA — 1000 манзили миллионҳо нафар чароғон гардида, ҳазорон нафар дар корхонаҳои навбунёд бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»