26-уми апрели соли равон дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе шашумин Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оғоз мешавад.
Дар мусобиқаи мазкур 108 паҳлавон аз 25 кишвари ҷаҳон бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунад. Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва баргузории мусобиқаи мазкур ва ҳайати кумитаи тадорукоти мусобиқа тасдиқ шудааст.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»