21-уми апрели соли 2025 дар шаҳри Анқара машваратҳои консулии дуҷониба миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид.
Дар ҷараёни машваратҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла соддагардонии расмиёти раводид, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва кумаки ҳуқуқии мутақобила, баррасӣ шуданд.
Ҳайати Тоҷикистонро cардори Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Сафарзода роҳбарӣ кард. Аз ҷониби Туркия дар мулоқот директори генералии Вазорат оид ба масъалаҳои консулӣ ва муҳоҷират Фатма Ҷерен Язган иштирок намуд.
Наҷиба МУРОДБЕКОВА,
«Садои мардум»