Тоҷикистону Эрон барномаи ҳамкории омӯзишӣ-таҳқиқотӣ ба имзо расонданд

№ 23.04.2025

сурати хабари кохи сомон22-юми апрели соли 2025 дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе вохӯрии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо, терроризм ва экстремизм баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон, иброз гардид, ки барои муборизаи муваффақона дар пешгирии ҷиноятҳо мубодилаи иттилооти оперативӣ, густариши ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаи таълим ва гузаронидани машқҳои муштарак муҳим мебошад.

Дар охир байни вазоратҳои Тоҷикистон ва Эрон  «Барномаи амалии ҳамкории омӯзишӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2025-2029» ба имзо расид.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»