Темурмалик. Нақшаи андоз 110 фоиз иҷро шуд

№ 23.04.2025

Дар се моҳаи аввали соли 2025 дар ноҳияи Темурмалик нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 110 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 7 миллиону 795 ҳазору 209 сомонӣ ворид шуд.

Сардори нозироти андози ноҳия Бегиҷон Баротзода иттилоъ дод, ки ба ҷойи 7 миллиону 065 ҳазору 600 сомонӣ ба буҷети давлатӣ 7 миллиону 795 ҳазору 209 сомонӣ ворид шуд, ки нисбати нақша 729 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Алҳол дар ноҳияи Темурмалик 333 шахси ҳуқуқӣ, 107 соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома, 84 соҳибкор тибқи патент, 316 соҳибкор тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 1042 хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун андозсупоранда фаъолият доранд.

Ҷиҳати кам кардани бақияпулиҳои қарзи андоз аз тарафи кормандони нозироти андоз тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар се моҳ беш аз 207 ҳазор сомонӣ қарзи андоз кам гардидааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»