Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Панҷакент 100% иҷро шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд, дар иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи даъвати баҳорӣ роҳандозии ҳамкории густурдаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссияи шаҳрии даъват ва ҷамоатҳои деҳот саҳми бориз гузоштанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 390 нафар ҷавонон шаҳри Панҷакент ба хидмати Ватан – Модар раҳсипор шуданд.
Ҷ. САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»