Имкони мусоид барои муаррифии иқтидорҳои сайёҳӣ
Шаҳри Хуҷанд мизбони Форуми байналмилалии сайёҳии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» гардид, ки дар он намояндагони бахши сайёҳии даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Туркманистон, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Беларус, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Юнон ширкат варзиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ифтитоҳи форум зикр намуд, ки соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ба марҳилаи нав ворид шуда, иқтидорҳои он рӯз ба рӯз беҳтар мегардад.
- Феълан дар вилояти Суғд зиёда аз 100 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият дошта, шумораи меҳмонхонаҳо ба 65 ва истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо ба беш аз 30 адад мерасад. Ин имкониятҳо дар якҷоягӣ бо 1190 ёдгории таърихию фарҳангии вилоят шароити мусоиди ҷалби сайёҳони дохилию хориҷиро фароҳам овардааст, — афзуд раиси вилоят.
Ҷ. САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»