Баррасии масъалаи омодасозии мутахассисони хизмати дипломатӣ

№ 23.04.2025

23 -юми апрели соли 2025 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо ректори Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Мушаббаб Ал-Қаҳтонӣ баргузор гардид.

Зимни  мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва густариши ҳамкориҳои ҳарду кишвар дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи равобити байналмилалӣ, инчунин, ташкили давраҳои омӯзишӣ ва табодули таҷриба барои дипломатҳои ҷавонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ, санади ҳамкорӣ байни маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони хизмати дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи тадқиқоти дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  ба имзо расид.

Н. МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»