Машварати корӣ

№ 25.04.2025

54475142745_2168558205_b25 апрел дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини як қатор сохторҳои давлатӣ ва роҳбарони лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика машварати корӣ доир намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи кори машварат баррасии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика, хусусан, лоиҳаҳо оид ба кам намудани талафоти неруи барқ ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт мебошад.

Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки масъалаи таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бо неруи барқ аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ин самт Ҳукумати кишвар тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.

Зикр гардид, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ намуд.

Аз ҷумла, дар самти паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.

Соли 2024 дар соҳаи энергетика боз 11 созишномаи нав барои татбиқи 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 9,6 миллиард сомонӣ ба имзо расид, ки барои ноилшавӣ ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар натиҷаи амалисозии иқдомҳои Ҳукумати кишвар доир ба рушди соҳаи энергетика зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта, ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз 17 миллиард киловатт-соати соли 1991 ба 22,4 миллиард киловатт-соат дар соли 2024 афзоиш дода шуд.

Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳоло дар кишвар татбиқи 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар самти энергетика ба маблағи умумии 1 миллиарду 653 миллион доллар идома дорад, ки 36 фоизи маблағи умумии лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ташкил медиҳад. Яъне қисми асосии маблағҳои ҷалбшаванда маҳз ба соҳаи энергетика равона карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳарчи зудтар бартараф кардани мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи энергетика, хусусан комилан беҳтар намудани таъминоти неруи барқ ба аҳолии кишвар ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар ин робита Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқро ҳамчун амри муҳимму ногузир вазифагузорӣ намуданд.

Ба андешаи Роҳбари давлат масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар кишвар ташвишовар боқӣ мемонад.

Бинобар ин таъкид гардид, ки барои ҷорӣ намудани назорати баҳисобгириву истифодаи дурусти неруи барқ, Агентии назорати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар қонунгузории кишвар барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид.

Дар машварати корӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи энергетика,  вусъатбахшии ҷараёни  васли ҳисобкунакҳои барқии муосир ва амалисозии тадбирҳои дигари пешбинишуда дар самти паст кардани талафоти неруи барқ баррасӣ шуд.

Аз рӯи ин масъалаҳо муовини Сарвазири кишвар Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Раҳимзода Султон, директори Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” Асрорзода Нусратулло, директори “Гуруҳи татбиқи лоиҳаи кам намудани талафоти неру” Шукурзода Фарҳод ва директор оид ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гуруҳ” Бежан Азонов гузориш доданд.

Ба Роҳбари давлат доир ба татбиқи амалии нишондодҳои нави қонунгузории кишвар оид ба муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода гузориш доданд.

Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки барои муайян намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани вайронкунандагони тартиботи нави муқарраргардида санҷишҳои дахлдор васеъ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи масъалаҳои баррасишуда хулосагирӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Аз ҷумла, Президенти кишвар супориш доданд, ки барои кам кардани талафоти неруи барқ ва истифодаи самараноки он ҳамчун масъалаи меҳварии таъминкунандаи рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ҳамаҷониба чораҷӯӣ карда шавад.

Инчунин, бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва тақвияти раванди татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба вазорату идораҳои марбута ва роҳбарони лоиҳаҳо бори дигар таъкид намуданд, ки назорати раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро, хусусан, дар самти кам кардани талафоти неруи барқ дуруст ба роҳ монда, барои сари вақт ва босифат баргузор намудани озмунҳои харид ва иҷрои қарордодҳои басташуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Сарвари давлат ба масъулини соҳа дастур доданд, ки бо истифода аз имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма, бо ҷалби аҳли зиё ва фаъолони ҷомеъа моҳияти муқаррароти қонунгузории навро вобаста ба вазнинии ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ истифода намудани неруи барқ ба таври васеъ ба ҳар як оилаи кишвар мушаххас фаҳмонанд.

Тавре таъкид гардид, ҳама бояд хуб донанд, ки минбаъд барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва напардохтани маблағи он ҷавобгарӣ пурзур карда шудааст, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ то маҳрум намудан аз озодӣ ба муҳлати то 10 сол муқаррар гардидааст.

Дар фароварди машварати корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва марказу гуруҳҳои татбиқи лоиҳаҳоро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро комилан беҳтар намуда, барои ҳалли саривақтии мушкилоту масъалаҳои мавҷудаи соҳа мунтазам чораҷӯӣ намоянд.