Ниҳолшинонӣ як давраи кӯтоҳро дар бар мегирад. Дар ин айём намнокии замин муътадил буда, ба сабзиши ниҳолҳо мусоидат мекунад. Дар сурати риояи талаботи парвариши ниҳол сабзиши онҳо имконпазир мегарданд. Дар ҳолати акс ниҳолҳо хуб инкишоф намеёбанд. Доир ба нозукиҳои шинонидан ва парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда бо доктори илмҳои биологӣ, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидалӣ Гулов суҳбат доштем, ки тавсияҳои муфиди ӯро пешниҳоди хонандагон менамоем:
- Замине, ки барои боғ интихоб шудааст, пеш аз ҳама, бояд аз ҷисмҳои нодаркор тоза ва тахту ҳамвор карда шавад. Пас аз он дар асоси санҷиши хоки ин замин миқдори моддаҳои ғизогии таркиби онро муайян кардан лозим аст. Дар шароити Тоҷикистон пеш аз шудгор ба ҳар як гектар боғ 30-40 тонна пору, 500-700 кг нуриҳои фосфордор ва 100-150 кг нуриҳои калийдор пошида, ба воситаи плуги плантажӣ бо чуқурии 50-60 см шудгор кардан лозим аст. Бояд мадди назар дошт, ки тайёр кардани замини боғи навбунёд 2-3 моҳ пеш аз шинондани ниҳолҳо анҷом дода шавад.
Дар шароити Тоҷикистон ниҳолҳои мевадиҳандаро дар фасли зимистон низ шинондан мумкин аст, ба шарте ки ҳарорати ҳаво манфӣ набошад. Дар боғҳои навбунёди муосир ниҳолҳо бояд ба талаботи стандартӣ ҷавоб диҳанд, яъне ғафсии танаи онҳо аз 1,5-2,0 см кам набошад, баландии поя (штам) 40-60 см ва дарозии навдаҳо 50-70 см. Ҳар як ниҳоли стандартии мевадиҳанда 3-4 навдаи паҳлу доштанаш зарур аст. Босифат кандани чуқуриҳо сабзиш ва нашъунамои хуби ниҳолҳоро таъмин менамояд.
Аз хориҷи кишвар ворид намудани ниҳолҳои нав ба талаботи замони бозоргонӣ ҷавобгӯ аст, вале дар асоси тавсияҳои илман асоснок навъҳои маҳаллӣ тавсия дода мешавад.
Чуқурчаҳо барои шинонидани ниҳолҳо вобаста аз таркиби хок бояд то 50 см паҳноӣ ва 50-60 см чуқурӣ дошта бошанд. Пеш аз шинондани ниҳол ба ҳар як чуқурӣ то 10 кг пору ва 150-200 г суперфосфатро бо хок омехта кардан ҳатмист.
Дар вақти шинондани ниҳол диққат додан лозим аст, ки гарданаи реша бояд аз рӯи хок 1-2 см баланд бошад. Пас аз шинондани ниҳолҳо онҳоро бо об таъмин кардан ҳатмист. Агар манбаи об муҳайё набошад, ба ҳар як ниҳоли шинондашуда 10-15 литр об рехтан зарур аст.
Агар тавсияҳои мазкур иҷро шаванд, ниҳолҳо қариб 100 фоиз месабзанд ва нашъунамои хуби онҳо таъмин мегардад. Дар ин сурат боғҳо 100-150 сентнер ҳосил медиҳанд, ки он фоидаи хуби иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Мусоҳиб Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»