Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва ба муваффақияти зиёд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, ноил гардиданд.
Мақсади асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.
Бо мақсади рушди иқтисодиёти кишвар ҳадафҳои стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар муайян гардида, дар ин самтҳо корҳои зиёд амалӣ шудааст. Роҳбари давлат борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ғайриимкон аст.
Барои рушди энергетика кӯшишҳо зиёданд. Аз ҷумла, лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти неруи барқ» ва «Гузаштан ба низоми ягонаи биллингӣ» бомаром идома доранд, вале новобаста аз корҳои анҷомдода сатҳи талафоти неруи барқ дар кишварамон нигаронкунанда мебошад.
15-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.
Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
Моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» ном дошта, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад.
Субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси воқеӣ, шахси мансабдор ва шахси ҳуқуқӣ шуда метавонад.
Таҳти мафҳуми шахси воқеӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд фаҳмида мешавад, ки ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ синнашон ба шонздаҳ расида бошад.
Шахси мансабдор шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, инчунин, шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин, дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда фаҳмида мешавад.
Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагӣ ё идоракунии оперативӣ молу мулки алоҳида дошта, аз рӯйи уҳдадориҳои худ бо ин молу мулк ҷавобгар бошад, тавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, амалӣ намояд, уҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад.
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025-ум 75 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки муҷозот марбут ба ҷарима аз рӯи ин нишондод ҳисоб карда мешаванд. Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ дар моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла:
- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1500 то 2250 сомонӣ;
- ба шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 2250 то 3750 сомонӣ;
- ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 15000 то 22500 сомонӣ.
Андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти ҳар сол дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» метавонад тағйир ёбад.
Барои риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ба ғайр аз ҷавобгарии маъмурӣ, инчунин, ҷавобгарии ҷиноятӣ низ пешбинӣ гардидааст.
Тавре дар боло қайд намудем, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 апрели соли 2025 дар Кодекси ҷиноятӣ моддаи 2531 - «Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ» илова гардид, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур аломатҳои вазнинкунандаи ҷиноят ба миқдори калон, бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ба миқдори махсусан калон муайян карда шудааст, ки боиси татбиқи ҷазои вазнинтар мегардад.
Тарафи объективии ҷиноятро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ташкил медиҳад.
Тарафи субъективӣ — қасди бевоситаро ташкил медиҳад, яъне, гунаҳкор дарк менамояд, ки дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари молумулкӣ мерасонад ва хоҳиши содир кардани чунин кирдорро дорад. Субъекти ин ҷиноят шахси мукаллафи ба синни 16 расида ба ҳисоб меравад.
Ҷавобгарии ҷиноӣ барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ барои ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ зарур аст.
Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ, ки сабабҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад, ҳамчун ҷиноят эътироф мегардад. Дар сурати аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари моддӣ расонида мешавад. Маблағҳои насупоридашуда барои истифодаи қувваи барқ метавонанд барои рушд додани соҳаи энергетика ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум сарф шаванд. Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ на танҳо ба суботи молиявии давлат таъсири манфӣ мерасонад, балки хатари ба вуҷуд овардани садамаҳо, қатъ шудани барқ, сӯхтор ва хатар барои ҳаёт ва саломатии одамонро меорад.
Дар бисёр кишварҳо ин амал ҷиноят эътироф шудааст, ки ин ба амалҳои байналмилалии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ мувофиқат мекунад. Ин метавонад барои баробар кардани усулҳо дар мубориза бо чунин вайронкуниҳо ва тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт кумак кунад. Аз ин рӯ, зери таъқиби ҷиноятӣ қарор додани вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҳадафҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худро дорад, ки барои нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқӣ, истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон равона шудааст.
Оид ба таркиби моддаи 2531 Кодекси ҷиноятӣ бояд қайд намоем, ки ин модда аз се қисм иборат мебошад ва қисми якуми он ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, агар чунин, кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, муқаррар менамояд. Барои содир кардани кирдорҳои дар қисми як зикршуда ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз сесаду шасту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 27375 сомонӣ то панҷсаду чилу ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 41025 сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.
Агар кирдорҳои мазкур ба миқдори калон, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ва ё аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир шуда бошад, мутобиқи қисми 2 ҷазои ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 60000 сомонӣ то як ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 90000 сомонӣ ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 6 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.
Кирдорҳои пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар ба миқдори махсусан калон ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) содир шуда бошанд, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз шаш то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.
Сӯиистифода аз мансаб дар барқасдона истифода намудани ваколатҳо ифода мегардад ва тибқи моддаи 62 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳолати вазнинкунандаи ҷиноят эътироф мешавад.
Дар таҷриба чунин кирдор бисёртар аз ҷониби назоратчиён, ки бо шаҳрвандон забон як карда, нишондоди истифодашудаи қувваи барқро бо мақсади насупоридан ё камтар супоридани қувваи барқ тағйир медиҳанд ва ё дигар мансабдороне, ки аз мақоми хизматии худ сӯиистифода менамоянд, содир мегардад. Дар рафти оғози парвандаи ҷиноятӣ, тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ кирдори онҳо ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷиноят баҳо дода мешавад.
Объекти ҷинояти таҳлилшаванда таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, ғайриқонунӣ истифода намудани он, бо роҳи аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин, истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ мебошад, агар чунин кирдор дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад. Дар ин ҷо принсипи инсондӯстӣ ба назар гирифта шудааст, яъне қонунгузор пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ ба гунаҳгор имкон медиҳад, ки ислоҳ шавад ва танҳо агар гунаҳгор ислоҳ нагардад ва давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ боз чунин кирдорро содир кунад, мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор мегирад.
Предмети ҷиноят таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ё таҷҳизоти дигаре, ки ҳамчун олоти содиршавии ҷиноят баромад мекунад, маҳсуб меёбад. Масалан, тағйир додани нишондоди таҷҳизоти қувваи барқ бо мақсади пардохт накардани маблағи барқи истифодашуда, ки дар натиҷа
ин миқдор қувваи барқ аз ҳисоб берун монда, ба давлат зарари моддӣ расонида мешавад.
Дар маҷмуъ, шаҳрвандонро лозим аст муқаррароти зикршударо қатъиян риоя намуда, илова бар ин, дар истифодаи неруи барқ сарфакор бошанд.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ