Барқияи тасаллӣ

№53 (4949) 28.04.2025

Стандарти Садои мардум тасалли Пизишк27-уми апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва бар асари он ба ҳалокат расидан ва маҷруҳ шудани теъдоди зиёди мардум боиси андуҳи амиқи мо гардид.

Бо эълони ҳамбастагӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин ҳодисаи фоҷиабор ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз намуда, аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои ҳамаи маҷруҳон шифои комил масъалат дорам».

www.prezident.tj