Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф дар робита ба таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоии шаҳри Бандар Аббос барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд:
«Муҳтарам Ҷаноби Раис,
Хабари таркиши сахтро дар бандари Шаҳид Раҷоии шаҳри Бандар Аббоси Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки боиси талафоти инсонӣ гардид, бо андуҳи зиёд дарёфтем.
Бо изҳори ҳамдардӣ ба Шумо ва тамоми наздикону пайвандони қурбониён таслияти амиқи худро баён намуда, ба ҳамаи маҷруҳон шифои оҷил хоҳонем».