Занон ҷонибдори ташаббусҳои созанда

№54 (4950) 30.04.2025

БИБИНИСОБо мақсади боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 сол қабл, 26 апрели соли 1997, дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон, созмонҳои ғайриҳукуматии занони ҷумҳурӣ зарурати таъсиси Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъкид карданд. Тибқи Квотаи президентӣ ҳамасола садҳо нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи махсус дохил шуда, соҳибмаълумот мегарданд.

Онҳо давоми таҳсил аз имтиёз­ҳои зиёд, аз ҷумла таъмин бо хобгоҳ ва идрорпулӣ, бархӯрдоранд. Маҳз бо шарофати ин иқдоми Пешвои миллат занону духтарон баробари мардон дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар 28 декабри соли 2024 изҳор доштанд: «Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд».

Далели дигари таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон таъсиси гранти президентӣ мебошад. Илова бар ин, бо ташаббуси Пешвои миллат солҳои 2022 — 2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид, ки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занони соҳибкору ҳунарманд замима фароҳам овард. Гузашта аз ин, сол аз сол бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи занони соҳибкор дар ҷумҳурӣ зиёд мешаванд. Метавон гуфт, ки занону духтарони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунармандӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, чорвопарварӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

 Тозагул Ватанова соҳиби гранти президентӣ аз ноҳияи Восеъ буда, 25 сол мешавад, ки ба дӯхтани лавозимоти гаҳвора (рӯйпӯш, болишт ва дастбанд) машғул аст. Ин зани солманд аз дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон хеле шод аст. Соли гузашта лоиҳаи пешниҳоднамудааш дастгирӣ ёфта, соҳиби 40 ҳазор сомонӣ гардид. Маҳсули ҳунари номбурда дар озмуну фестивалҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маъраз гузошта шуда, борҳо сазовори ҷойҳои намоён ва соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардидааст.

Барои тавсеаи ин раванд дар қиёс ба солҳои пешин маблағи грантҳои раиси вилояти Хатлон низ ду баробар зиёд шуд. Соли 2024 дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузорӣ — содиротии «Хатлон — Инвест» 30 соҳибкорзани вилоят 500 ҳазор сомонӣ гранти раиси вилояти Хатлонро гирифтанд. Аз ҷумла, Зебогул Назарова, сокини деҳаи Сурхдараи ноҳияи Восеъ, яке аз гирандагони гранти раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 мебошад. Номбурда лоиҳаи худро дар самти ҳунарҳои мардумӣ (дарздӯзӣ, чакандӯзӣ, порадӯзӣ) пешниҳод намуда, соҳиби 15 ҳазор сомонӣ гардид.

«Ҳунари порадӯзиро аз модарам ёд гирифтам ва 33 сол мешавад, ки аз рӯи ин касби пешакарда зиндагиро пеш мебарам ва даҳҳо зани хонашинро соҳибкасб намудам. Аз ҷумла, соли 2024 ба15 зани деҳа дар хонаи истиқоматии худ дарздӯзиву чакандӯзиро омӯзонидам ва онҳо аз ҳисоби шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Восеъ соҳиби сертификат гардиданд. Соли 2025-ум 40 зани дигари деҳаро, ки бештарашон хонашин мебошанд, ҳамчун шогирд қабул намуда, ҳунарамро меомӯзонам», — мегӯяд номбурда.

Зебогул ифтихор аз он дорад, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дубора эҳё гардиданд. Ин ҳунарманд мақсад дорад, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ коргоҳи хурд таъсис диҳад.

 Сокини дигари ноҳияи Восеъ Соҷида Ҳусайнова низ яке аз гирандагони гранти раиси вилояти Хатлон дар соли 2024 мебошад. Ӯ лоиҳаи худро дар самти ҳунармандӣ (дӯзандагӣ) пешниҳод намуда, соҳиби 15 ҳазор сомонӣ гардид.

 Дар маҷмуъ, соли 2024 аз ­ноҳияи Восеъ як зан соҳиби гранти президентӣ ва се бону соҳиби гранти раиси вилояти Хатлон гардиданд. Айни замон дар ноҳияи Восеъ 311 зан ба соҳибкорӣ, ҳунармандӣ машғул буда, дар рушди иқтисодиёти мамлакат нақши арзанда мегузоранд.

Бибинисо Гулмуродзода,

муовини раиси ноҳияи Восеъ