Ҳафтод сол муқаддам, 1 майи соли 1955, аввалин троллейбус дар пойтахти ҶШС Тоҷикистон — шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе) ба ҳаракат даромад. Масофаи нахустин хатсайри ин воситаи нақлиёти барқӣ 11 километр (аз маҳаллаи шимолӣ то вокзали Роҳи оҳан) буд. Дар бораи таъсиси Корхонаи троллейбусҳои пойтахт 6 апрели ҳамон сол қарори Комиҷроияи Шурои меҳнаткашони шаҳри Сталинобод ба тасвиб расид.
Барои шарҳу тавзеҳи ин маълумотнома ва таҳияи мавод роҷеъ ба ин рӯйдоди таърихӣ ба ККВД «Троллейбус» рафтем. Директори корхонаи мазкур Сорбон Акрамзода пешниҳод намуд, ки бо бойгонии корхона шинос шавам. Хабари мо роҷеъ ба ҳаракати нахустин воситаҳои нақлиёти барқӣ дар шаҳри Душанбе бо маълумотномаи бойгонӣ мувофиқ омад. Ҳамзамон, аксҳои нахустин троллейбусҳо, ронандагон, аввалин кормандони корхона ва собиқадоронро пайдо намудем. Маълум гардид, ки аввалин роҳбари корхонаи мазкур К. Бозоров ва нахустин ронандагони троллейбусҳо Убайдуллоев, Рузанов, Наҷмиддинов ва Зокиров (номи нафарони мазкур дар маълумотнома зикр наёфтааст) будаанд. Муаллифи ин сатрҳо яке аз ронандагони нахустин — Бегиҷон Наҷмиддиновро мешинохтам. Шодравон дар деҳаи назди пойтахт — Тезгари поёни ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) зиндагӣ мекард ва дар борааш мақолае низ ба нашр расонда будам.
Дар санаи зикршуда нахустин бор чор троллейбуси (дар баъзе маълумотҳо ҳафт адад) тамғаи МТБ-82Д, ки дар корхонаи троллейбусбарории ба номи Уритскои шаҳри Энгелси Россия истеҳсол шуда буд, ба шаҳрвандони пойтахт хизматрасониро оғоз карданд. Соли 1957 хатсайри №2-и троллейбус дар байни маҳаллаи Шимолӣ (Северний) то маҳаллаи ДОК ва пас аз як сол хатсайри №3 ифтитоҳ ёфт. Соли 1967 парки дуюми троллейбусҳо мавриди истифода қарор гирифт ва масофаи хатсайрҳои воситаи нақлиёти барқии пойтахт қариб ба 50 км расид. Дар он давра теъдоди кормандони Раёсати троллейбусҳои шаҳри Душанбе 700 нафар буд. Ҳамин тавр, нақлиёти мусофиркашони барқӣ мунтазам рушд ёфта, то оғози соли 1991 дар 13 хатсайр масофаи ҳаракати онҳо 136 километрро ташкил медод.
- Тавре маълум аст, солҳои 90-уми асри гузашта, бинобар ҷанги шаҳрвандӣ, тамоми соҳаҳо фалаҷ гаштанд. Хушбахтона, сулҳ барқарор гашт ва таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакатамон рӯ ба тараққӣ овард. Роҳбарияти олии кишвар дар баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи нақлиёт ва таҷдиду навсозии роҳҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд ва мо шоҳиди рушди бесобиқаи ин соҳаҳои ҳаётан муҳим ҳастем. Дар пойтахти шуҳратёри ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе баробари қомат афрохтани қасру биноҳои замонавии баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои фарҳангию варзиш ва тиҷорат, ҳамзамон, роҳу хиёбонҳо васеъ, тахту ҳамвор ва зебою дилкушо гардида, даҳҳо навъи нақлиёти сабукрав, бору мусофиркаш дар хизмати мардум қарор доранд. Қобили зикр аст, ки соли 2015 дар шаҳри Душанбе муассисаи нав оид ба истеҳсоли троллейбус ба фаъолият оғоз кард. Соли 2019 аз Ҷумҳурии Беларус троллейбусҳои нави бесим (бесконтактние) харидорӣ шуд ва аз моҳи майи ин сол ҳаракати чунин навъи нақлиёти замонавӣ оғоз ёфт, — гуфт директори ККВД «Троллейбус» Сорбон Акрамзода.
Бино ба иттилои Сорбон Акрамзода айни ҳол дар шаҳри Душанбе 120 тролейбуси тамғаҳои гуногун, аз ҷумла як тролейбуси АКИА Ултра (истеҳсоли Тоҷикистон), дар хизмати сокинони шаҳр ва меҳмонон қарор дорад. Дар шаҳр ҳашт хатсайри троллейбусҳо фаъолият мекунад. Аз 102 ронандаи троллейбус 25 нафараш бонувон мебошанд. Троллейбус яке аз қулайтарин ва беҳтарин нақлиёти оммавӣ маҳсуб меёбад ва ҳамарӯза садҳо мусофир аз хизмати он баҳра мебаранд.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»