5-уми майи соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар вохӯрӣ намуд.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷумлаи аввалин кишварҳое мебошад, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Ҳамзамон, 6 июни соли 1992 ҳар ду кишвар робитаҳои дипломатии худро расман ба роҳ монданд.
- Боиси хушнудӣ аст, ки робитаҳои стратегии Тоҷикистон ва Покистон аз пайвандҳои маънавию таърихии ҳар ду мардуми дӯст, инчунин, аз муносибатҳои бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф маншаъ мегирад. Муносибатҳои стратегӣ миёни ҳар ду кишвари дӯст дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн густариш ёфта истодаанд, — иброз дошт Файзалӣ Идизода.
Зикр шуд, ки Маҷлиси намояндагон аз густариши устувори ҳамкорӣ бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор буда, муколама, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро идома хоҳад дод. Барои ҳамкории судманд ва мушаххас гардонидани муносибатҳои ҳар ду кишвар чӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва чӣ дар бахшҳои мухталифи иҷтимоиёт имкониятҳои то ҳол истифоданашуда зиёданд.
Дар рафти мулоқот таъкид шуд, ки табодули таҷрибаи вакилони ҳар ду кишвар ба нафъи тарафҳо буда, барои пешрафти фаъолияти қонунгузорӣ мусоидат хоҳад кард.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»