2-юми майи соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар доираи курси «Пайравони Пешвои миллат» бо як гурӯҳ ҷавонони кишвар мулоқот намуд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун Асосгузори давлати навини тоҷикон ва муаррифгари асили миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд. Бинобар ин, ҷавонон бояд бештар илм омӯзанд, ба забономӯзӣ машғул шаванд, дастуру раҳнамоиҳои Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти худ қарор диҳанд, — таъкид намуд Файзалӣ Идизода.
Иброз гардид, ки дар марҳилаҳои рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонони кишварамон, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили Стипендияи президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» дастовардҳои беназиру нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони хушбахти ҷумҳуриамон мебошад.