11-уми май ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳамкорӣ бо ширкати «АНТАРЕС» (FLY.TJ) ба шаҳри Шармушшайхи Ҷумҳурии Мисри Араб иҷрои парвозҳои мустақимро оғоз менамояд.
Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои якшанбе тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 анҷом дода мешаванд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Шармушшайх 5 соату 30 дақиқа ва дар бозгашт 5 соатро ташкил медиҳад.
Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Абдулқосим Валиев мегӯяд, ки «оғози парвозҳо ба Шармушшайх қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни давлатҳо мебошад. Итминон дорем, ки ин хатсайр ба рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва табодули фарҳангӣ мусоидат менамояд».
Г. РАҲМОНОВА,
«Садои мардум»