ВОСЕЪ. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БЕҲТАР ГАРДИД

№ 08.05.2025

20250502_102823Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ, ки аз се ошёна иборат аст, баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд.

Бино ба иттилои сардухтури беморхона Диловар Валиев, бо мақсади беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ду мошини ёрии таъҷилӣ 24 соат дар хизмати сокинони ноҳия қарор доранд.

Айни замон дар беморхона беҳтарин мутахассисони соҳаи тиб кору фаъолият мекунанд, ки беш аз 70 фоизи онҳоро табибони ҷавон ташкил медиҳанд. Дар тобеъияти беморхонаи ноҳия панҷ беморхонаи рақамӣ низ фаъолият дорад. Шумораи табибони маълумоти олидор 90 нафарро ташкил медиҳад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»