Дерест нақш намеофарад, коргардонӣ ҳам намекунад, ҳарчанд маҳораташро номовартарин коршиносони театру кинои дохилу хориҷи кишвар эътироф намудаанд. Баҳор ва Наврӯзи имсоларо бо китоби тозанашри хеш — «Колосс…», ки ҷилди 1000-уми осораш аст, ба мо таҳният гуфт.
Ҳошим Гадо — Арбоби барҷастаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистонро чӣ аз ҷаҳони театру синамо ба майдони адабиёт овард? Чаро менависад? Дар бораи чӣ менависад? Талош намудем, то қадри имкон ба дунёи ӯ ворид шавем ва ба суолҳои хеш посух ёбем.
60 соли умрашро рӯйи саҳнаи театру кино сипарӣ намудааст. Ин марҳилаи ҳаёти ҳунармандро солҳои ҷӯшу хурӯши ӯ дар саҳна метавон арзёбӣ кард. Нақшҳои Суҳроб аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, Эдип аз «Шоҳ Эдип»-и Сафокл, Ҳамлет аз пиесаи Шекспир ва дигар образҳое, ки ба ҳунарманд шуҳрати ҷаҳонӣ оварданд, маҳз дар ҳамин давра рӯи саҳна омадаанд, вале вақти гузарон ҷавонӣ ва ҷӯшу хурӯши инсонҳоро бо худ мебарад. Ин як қоидаи муқаррарии зиндагии инсонҳо мебошад, ки Ҳошим Гадо истисно нест. Чун ин марҳилаи умр даррасид, ҳунарманд ба навиштан оғоз кард, агарчӣ медонад навиштан бас кори сангин аст.
Омиле, ки Ҳошим Гадоро ба таври истисно намоён мекунад, маҳз ҳамин махсусият аст: якҷо омадани ду ҳунари фитрӣ — актёрӣ ва нависандагӣ.
Вазифаи театр тарбия намудани ҷомеа мебошад. Китоб ҳам дар ҷомеа айнан ҳамин вазифаро бар дӯш дорад. Метавон гуфт, ки Ҳошим Гадо ҳамоно рисолати пешини худ, яъне тарбияи ҷомеаро иҷро намуда истодааст. Ин рисолатро қаблан тавассути нақшҳо, диалог ва ҳаракат, ки се абзори асосӣ дар саҳнаи театру кино арзёбӣ мешаванд, анҷом медод, ҳоло аз тариқи навиштан.
Дар пешгуфтори китоби «Актёр»-аш навиштааст: «Ба назарам чунин менамояд, ки андешаҳоям парвоз мекунанду парвоз мекунанд, мағзамро фишор дода, мехоҳанд аз сарам бурун оянду ба варақ бирезанд, онҳоро боздоштан мехоҳам, аммо қудратам намерасад».
Ин далел кофист, то донем, ки қаҳрамони мо дар дилу зеҳнаш ҳанӯз ногуфтаҳои зиёде дорад, ки мехоҳад онҳоро бурун орад ва ба ҷомеа расонад. Медонад, ки донишу биниши беназире, ки аз зиндагӣ, фаъолият, мутолиаи зиёди китоб гирифтааст, ба имрӯзиён, хоса ҷавонон, муфид мебошад. Маҳорати нависандагиаш чун ҳунари бозигариаш зебо, воло, хотирмон аст. Ин ҳақиқатро хонандагон метавонанд аз китобҳои «Асо», «Танҳо», «Я!?», «Кунҷ», «Кометы», «Ҷонбуз», «Ку», «Думы», «Мой Сухроб», «О, Сократе» «Розҳо», «Актёр», «Исповедь», «Гамлет», «Одинокий луч», «Маска», «Прометей» ва осори дигараш дарёбанд.
Дар китоби «Розҳо» назари хешро оид ба масоили зиндагӣ, марг, офариниш ва кашфи асрори ҳастӣ иброз намудааст. Ҷолиб он аст, ки ӯ фикрашро дар ин мавзуъҳо хеле кӯтоҳ, баъзан ҳатто бо ду калима, баён доштааст, аммо ин кӯтоҳбаёнии ӯ касро ба мулоҳиза водор месозад. Яъне, дарки нигоштаҳояш дар ин маврид осону ҳамзамон душвор аст. Осон ба он хотир, ки вожаҳои истифодакардааш сода ва барои ҳама фаҳмоянд. Душвор аз ин ҷиҳат, ки барои дарки дуруст ба дарунмояи он ворид бояд шуд. Чунончӣ, менависад:
Омӯзу биомӯзон
Ин андеша дар фаҳмиши аввал сода ба назар мерасад, аммо чун жарфтар меандешем, моҳияти аслии онро дарк менамоем. Дармеёбем, ки дар пасманзари ин таъкид чӣ ҳадафҳои бузургу инсонсозе ниҳон аст.
Ба андешаи ӯ омӯхтан хоси инсон мебошад. Яъне, инсон бояд ҳамеша ҷустуҷӯю таҳқиқ кунад, биомӯзад, бо дониш худро тавоно кунад, аз ин роҳ худрову олами атрофро дуруст бишиносад, хубу бадро фарқ кунад ва сарриштаи хирад аз даст надиҳад.
Муроди ӯ аз «биомӯзон» гуфтан ин аст, ки рисолати инсон бо омӯхтан анҷом намеёбад, инсон дар идома донишҳои андӯхтаашро бояд ба дигарон биомӯзонад, то онҳо низ неку бади дунёро дарёбанд.
Ҳошим Гадо калиди ҳама гуна муваффақият, расидан ба камолоти инсонӣ ва ҷомеаи ормониро, ки дар ҳама даврҳо орзуи инсонҳо будааст, дар омӯзиш медонад. Биноан, таъкид намудааст:
Озодӣ муҳаббати бузург аст ва аз баракати он башар метавонад худу ҷаҳонро тағйир диҳад.
***
Ҷаҳонро ишқ идора мекунад.
***
Мехоҳӣ ба орзуят бирасӣ?
Иродаро мустаҳкам бикун.
***
Ғуломиро содагӣ ва тарс зоидааст.
***
Нархи ҷанг бисёр гарон меафтад.
***
Душмани аз ҳама бадтари инсоният бефарҳангист, на золиме, ки бар ӯ ҳар лаҳза зулмро раво мебинад.
Ин андешаҳои ҳакимонаи Ҳошим Гадо на танҳо дар замони пуртазоди муосир мубрам аст, балки то ҷаҳон боқист, метавонанд ҷиҳати рафъи мушкилоте, ки барои зиндагии босаодати башар монеа мегарданд, хидмат кунанд.
Дар осораш замони кӯдакӣ ва нақшҳои бозидаашро низ ба хотир меорад. Ба ин маънӣ дар ҷилди 598-уми осораш («Есть нечто» — «Неруе мавҷуд аст») ҳам атрофи мафҳумҳое, чун зиндагию марг, рӯшноию торикӣ, ибрози андеша мекунад, ҳам нақшҳои бозидаашро ба хотир меорад. Худро аз миёни ин нақшҳо меҷӯяд ва аз худ мепурсад: «Пас, ман ҳаёти киро аз сар гузаронидаам?». Дар посух менависад: «Ман рӯзгори зебо, қаҳрамонона, романтикӣ, фоҷиавӣ, ҳаёти хирадмандон, содадилон ва бузургони офаридаамро аз сар гузаронидаам ва ё фоҷиаи хешро дар нақшҳо офаридаам. Ин дуро аз ҳам ҷудо кардан мумкин нест». Хулоса мекунад: «Ман — Ҳошим, ман — Эдип, ман — Ибни Сино, Суҳроб, …Пир, …Ҳамлет, …Сафар …Исмоили Сомонӣ…». Ёдрас кардан мехоҳад, ки ин дунё танҳо барои хӯрдану хобидан наомадаю вақти худро зоеъ накардааст. Фурсатҳои бебозгаштро муносиб истифода карда, ба рушди санъату ҳунар кӯшидааст ва дар ҷомеа ҷойгоҳи намоёнеро соҳиб гаштааст. То ҷаҳон боқист, номаш дар радифи Эдип, Ибни Сино, Суҳроб, …Пир, …Ҳамлет, …Сафар …Исмоили Сомонӣ зинда хоҳад монд. Яъне, мо ҳам бо азхудгузаштанҳову корнамоиҳо бояд чунин бошем.
Осори Ҳошим Гадо ҳам аз ҳақиқати зиндагии дардангезу шигифтовари худаш қисса мекунанд, ҳам аз ҳақиқати ҳунар, фарҳанг, илму дониш, дӯстӣ, сӯхтану сохтан, ҳастию нестӣ, пок зистан, аз худ номи нек ба ёдгор мондан, дӯст доштани зиндагӣ, навмед нашудан, неку бадро шинохтан ва эътироф кардан. Донишмандони огоҳ китобҳои ӯро афзори рушангари рӯзгори мо хондаанд, аммо, ба шарте ки агар хонанда ба мазмуну моҳияти онҳо сарфаҳм равад. Ҳамон гунае, ки аз осораш ба садҳо суоли беҷавоби худ посух дармеёбем, аз навиштаҳояш баъзан дар зеҳнамон садҳо суол пайдо мешавад, ки барои дарёфти посухи дуруст андешаю ҷустуҷӯ бояд кард.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»