Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба маркази муолиҷа ва барқароршавии ҷанговарони захмии шуравӣ табдил ёфт. Аз 29 госпитали эвакуатсионии ҷумҳурӣ 22-тояш дар пойтахт ҷойгир шуда буд.
Аз рӯи маълумоти номзади илмҳои таърих, муаллифи китоби «Эвакогоспитали Таджикистана (1941-1945)» Ғафур Шерматов дар госпиталҳои пойтахти Тоҷикистон 50 000 ҷанговари шуравӣ муолиҷа ёфта, дубора ба ҷабҳа баргаштанд.
Нахустин гурӯҳи захмиёнро ба госпитали дар собиқ меҳмонхонаи «Сталинобод» («Вахш») ҷойгирбуда ҳанӯз моҳи ноябри соли 1941 оварданд. Ба табибону ҳамшираҳои шафқат осон набуд. Ҳафтаҳо хона рафта наметавонистанд. На танҳо дорую даво, балки докаи одӣ ҳам намерасид. Мушкилтарин давра соли 1942 ба шумор мерафт, зеро дар шаҳрҳои Сталинграду Севастопол ва атрофи Қафқоз набардҳои вазнин сурат гирифт. Ба госпитал аз хати пеши набард лётчику танкчиёни сӯхтаро зиёд оварданд. Он замон маҳз дар Тоҷикистон нахустин шуда, малҳами арча ва равғани эфирии арчаро барои зудтар сиҳат ёфтани захмҳо истифода бурданд.
Маҷруҳонро тавассути қатора аввал ба госпитали тақсимкунандаи №4444, ки дар наздикии вокзали роҳи оҳани Душанбе воқеъ буд, меоварданд. Баъди муоина беморонро вобаста ба дараҷаи захм ба госпиталҳо тақсим мекарданд. Бинобар набудани иншооти махсус, дар заминаи мактабу меҳмонхонаҳо фавран госпиталҳои муваққатии ҳарбӣ таъсис дода шуд.
Сокинони пойтахт, новобаста аз душвории вазъият, ба госпитал зарфҳои гуногун, бистару кӯрпача, либос ва меваю сабзавот меоварданд. Ихтиёриён дар навиштани нома ба наздикони маҷруҳон кумак расониданд ва барномаҳои фарҳангӣ намоиш доданд, то захмиён даҳшати ҷангро лаҳзае фаромӯш кунанд.
Мувофиқи маълумоти Ғафур Шерматов, 52 дарсади шифоёфтагон дубора ба ҳифзи Ватан рафта, 47 дарсади дигар ба ҷабҳаи меҳнат (барқароркунии роҳу инфрасохтори шаҳрҳои озодшуда, корхонаҳои саноатӣ, кишоварзию чорводорӣ) сафарбар шуданд. Ҳамагӣ 0,4 дарсади захмиён бинобар ҷароҳатҳои марговар фавтиданд.
Барои касоне, ки бинобар маъюбӣ иҷозати ба майдони набард рафтан набуд, дар госпитал курсҳои омӯзиши муҳосибӣ, киномеханикӣ, устои радио, дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва дигар ҳунарҳоро ба роҳ монданд, то дар ақибгоҳ ба коре машғул шаванд.
Соли 1943 бо роҳбарии дастпарвари Донишгоҳи тиббии Париж, профессор Александр Магейм дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кафедраи «Хирургияи госпиталӣ» таъсис дода шуд. Ҳамроҳи ин табиби варзида, инчунин, рентгенологи маъруф Самуил Рейнберг дар госпитали №4451-и шаҳри Сталинобод кор мекард. Миёни табибон шахсиятҳои маъруфи соҳаи тиб, аз қабили Соломон Вайсблат (нахустин табибе, ки дар ИҶШС усулҳои ратсионалии бедардкунӣ дар стоматологияро ба роҳ монда буд), Воробевский, Ефимов, Бухман, Красилшиков, Богомар ва дигарон низ буданд.
Ба сарвари госпитали №1767 Валвовский аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС И.В. Сталин чунин номаи сипос омада буд: «Ба ҳайати шахсии госпитал ва ҷанговарони дар он бистаришуда, командирон ва роҳбарони сиёсие, ки барои таъсиси колоннаи танкии «Колхозчии Тоҷикистон» 6000 рубл ҷамъ овардаанд, паёми ман ва раҳматномаи Армияи Сурхро расонед».
Умуман, дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз минтақаҳои ҷангзада (Россия, Украина, Беларус) қариб 100 000 кас ба Тоҷикистон омаданд, ки аз онҳо 10 000 кӯдакон буданд. Мардуми тоҷик онҳоро бо манзил, ғизо, либос ва пойафзол таъмин намуданд. Барои хизмати арзанда дар таъмини Ғалаба 102000 сокини Тоҷикистон бо медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардиданд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум»