Маҳвшавии ганҷинаи умумибашарӣ боиси нигаронист

№57-58 (4953-4954) 08.05.2025

Коллаж — копияТағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асри XXI мебошад. Ин раванд боиси расондани таъсири манфӣ ба табиат, гуногунии биологӣ ва дигар бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ гардидааст. Тағйирёбии обу ҳаво сабаби вайроншавии низоми репродуктивии табиии флора ва фаунаҳо гардида, ба оқибатҳои ногувор, бахусус, ба деградатсияи гуногунии биологӣ ва экосистемаҳои обӣ, оварда мерасонад.

Дар тӯли ду даҳсолаи охир раванди тағйирёбии иқлим мувозинати экологии гуногунии биологӣ ва бехатарии биологиро тағйир дод. Тибқи муқаррароти Созишномаи Париж давлатҳои аъзо қарор қабул намудаанд, ки баландшавии ҳарорат дар сайёра бояд дар сатҳи то 2°C нигоҳ дошта шавад. Новобаста аз қабули чунин ҳадаф хатари коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ танҳо 50 дарсад кам мегардад. Аз рӯйи арзёбии олимон, агар баландшавии ҳарорати миёнаи глобалӣ то ба 2°C то соли 2100 идома ёбад, тақрибан 18 дарсад рустанӣ ва 22 дарсад ширхӯрон аз рӯйи замин нест мешаванд.

Гармшавии глобалӣ ва таъсири тағйир­ёбии иқлим ба захираҳои табиӣ ва ҳолати экологии минтақа низ таъсири беш аз пеш расонида истодааст. Мувофиқи ақидаи гурӯҳи мушовирон оид ба тағйирёбии иқлим (IPCC, 2021), Осиёи Марказӣ ба минтақаҳое дохил мешавад, ки зери хатари ҷиддии таъсири тағйирёбии иқлим қарор дорад. Хоса, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои сохтори мураккаби гуногунии иқлимӣ ва биогеографӣ мебошад, ба чунин равандҳо ҳассостар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари ғамхору дурандеш зарурати ҳифзи гуногунии биологиро ба назар гирифта, 22 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар машварати сатҳи Маҷмаи умумии СММ чунин иброз намуданд: «Захираҳои биологӣ ганҷинаи умумибашарианд ва тадбирҳои дилхоҳ оид ба нигаҳдории гуногуннавъии биологӣ хислати трансмиллӣ доранд ва на фақат ба кишварҳои алоҳида, балки барои минтақаҳо, умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ, судовар ҳастанд, зеро нест шудани ҳар намуди набототу ҳайвонот бояд боиси нигаронии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад».

Гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон хеле бой буда, дар кишвар беш аз 9500 намуди наботот ва зиёда аз 13000 намуди ҳайвонот вомехӯрад. Тибқи таҳлили олимони тоҷик дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 242 намуди ҳайвонот дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун намудҳои нодиру зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.

Намудҳои нодиру эндемикӣ, хусусан бабри барфӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, морхӯр, гӯсфанди уралӣ ва намояндагони набототи кӯҳӣ, аз таъсири чунин тағйирёбӣ бештар осебпазиранд.

Дар тӯли 70 соли охир тамоюли баландшавии ҳарорати ҳаво дар кишвар ба қайд гирифта шуда, аз рӯйи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати миёнаи солона дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1–1,2°C нисбат ба нимаи асри XX афзудааст. Баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои Помири кӯҳӣ бештар эҳсос мешавад. Ҳамзамон, афзоиши шумораи зуҳуроти экстремалии иқлимӣ, аз қабили обхезӣ, хушксолӣ ва ярч, зиёд аст.

Хароҷоти миёнаи солона дар натиҷаи харобшавии замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 325 миллион доллари ИМА-ро дар соли 2023 ташкил дод, ки баробар ба 2,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар раванди тағйирёбии иқлим соли 2024-ум 874 ҳодисаи гидрометеорологӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 70 ҳолат зиёд аст. Чунин ­тағйирот ба шиддатёбии равандҳои глобалӣ рабт дошта, гармшавии атмосфера боиси афзоиши намнокӣ дар ҳаво мегардад ва шиддати боришотро зиёд мекунад.

Тибқи арзёбии коршиносон пешгӯйиҳои модели иқлимӣ афзоиши обро дар давраи камобии тирамоҳ ва коҳишёбии онро дар давраи обхезии тобистон пешбинӣ мекунанд. Равшан аст, ки ин ба обёрии замин, парвариши зироат таъсир расонида метавонад. Паст шудани сифати обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ дар натиҷаи болоравии ҳарорат метавонад ба мувофиқ будани истифодаи об барои эҳтиёҷоти маишӣ ва ошомиданӣ таъсири манфӣ расонад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тамоюли миёнаи солонаи ҳарорати ҳаво низ аз меъёри иқлимӣ зиёд, аз ҷумла дар баландиҳои 1000 м аз сатҳи баҳр +1,9 °С, аз 1000 то 2500 м аз сатҳи баҳр +1,6 °C, дар баландии 2500 м аз сатҳи баҳр +1,9 °С, мебошад.

Чуноне котиби генералии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селеста Сауло иброз намуд, соли 2024 аз ҳама гармтарин сол буда, соли 2023 нисбат ба 50 соли охир аз ҳама бештар обшавии пиряхҳо ба қайд гирифта шудааст.

Пиряхҳо тақрибан 70 дарсади оби ширини ҷаҳонро дар худ нигоҳ медоранд. Аммо бо сабаби тағйирёбии иқлим ин масоҳатҳои яхпӯш рӯз аз рӯз кам шуда истодаанд. Ҳифзи криосфера на танҳо аз нуқтаи назари экологӣ, балки барои рушди устувори иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ҳамзамон, чун воситаи зиндагии мардум муҳим аст.

Таъминоти зиндагӣ ва иҷтимоиёти зиёда аз 2 млрд. одам дар рӯйи замин ба обшавии барф ва пиряхҳо вобастагии зич дорад. Равандҳои зикршуда ин теъдод сокинони сайёраро бо оби нӯшокӣ ва кишоварзӣ таъмин мекунад. Тибқи рейтинги «ND-GAIN», (соли 2021), Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти аҳолии минтақаҳои деҳот ва шакли кишоварзӣ, инчунин, релефи кӯҳиву хавфи офатҳои табиӣ, байни 195 кишвар ҷоий 98-умро ишғол намуд. Дар гузориш оид ба иқлим ва рушд зикр шудааст, ки даҳсолаи охир новобаста аз рушди иқтисодиву саноатии кишвар, танҳо 0,04 фоизи партовҳои газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.

Соли 2021, зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, изҳори нигаронӣ карданд. Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати ҷалби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи мазкур соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон ва бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Хушбахтона, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро доир ба эълон кардани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул кард. Ташаббуси мазкур барои ҳалли мушкилот дар чанд самти муҳим, аз ҷумла таҳкими низоми мониторинги пиряхҳо барои беҳтар кардани сифати ҷамъо­варӣ ва коркарди маълумот, огоҳии саривақтӣ оид ба зуҳуроти хавфнок, идораи ҳамгироёнаи захираҳои обӣ дар минтақаҳои ба об эҳтиёҷдошта, ҳифзи расму оин ва донишҳои фарҳангии бо пир­яхҳо вобаста, ҷалби ҷавонон ба ҳифзи пиряхҳо ва пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва ғайраҳо, равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки масоҳати кӯҳҳои яхпӯши кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 17 ҳазор км2-ро ташкил мекунанд, ки зиёда аз 60 дарсади ин пиряхҳо дар кӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд ва сарчашмаи обҳои мусаффои минтақа ба шумор мераванд. Аз рӯйи таҳқиқот андозаи пиряхҳои кишвар 25-35 дарсад нисбат ба нимаи асри гузашта кам шудаанд ва тибқи пешгӯиҳо агар обшавии пиряхҳо бо ҳамин суръат идома ёбад, то охири асри XXI хатари 50 дарсади нобудшавии онҳо вуҷуд дорад.

Тавре Директори генералии ­ЮНЕСКО Одрэ Азуле гуфтааст, воқеан, «Ҳифзи пиряхҳо яке аз вазифаҳои муҳими инсоният ба шумор меравад. Пиряхҳо муҳофизи таърихи иқлими сайёра, сарчашмаи зиндагии миллиардҳо одамон ва ҷойҳои муқаддаси намояндагони фарҳанги гуногун мебошанд. Обшавии босуръати онҳо моро водор мекунанд, ки чораҳои таъхирнопазир андешем». Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ин мақсад зиёда аз 20 стратегия ва барномаҳои давлатию соҳавӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйир­ёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037», «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034», «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ва барномаҳои дигарро ҷиҳати беҳдошти муҳити зисту солимии аҳолӣ ва пешгирии тағйирёбии иқлим қабул ва татбиқ карда истодааст.

Илова бар ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳамкориҳо дар арсаи байналмилалӣ саъю талош варзида, барои кам кардани таъсири газҳои гулхонаӣ ва таъсири манфии иқлим ба соҳаи гидроэнер­гетика, истеҳсоли маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, сатҳи рушди сармояи табиии кишвар, ҳиссаи технология­ҳои каммасраф дар саноати кишвар, сайёҳии экологӣ ва рушди иқтисоди «сабз» таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар ин самт, таҷдиду сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ идома дошта, истеҳсол ва истифодаи электромобилҳо васеъ ба роҳ монда шудааст, ки идомаи мантиқии иқтисоди «сабз» ва пешгирии таъсири манфии тағйирёбиҳои иқлим мебошад.

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро ишғол мекунад. Қобили зикр аст, ки давлати мо зиёда аз 95 дарсади неруи барқро аз ҳисоби гидроэнергетика ба даст меорад. Тоҷикистон сиёсат ва диплома­тияи худро дар соҳаи обу иқлим мувофиқи тамоюли минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бар асоси принсипҳо ва меъёрҳои эътирофшуда амалӣ менамояд. Ҳамзамон, сиёсати кишвар дар соҳаи об манфиатҳои миллиро мадди назар дошта, барои татбиқи самарабахши он ислоҳоти дахлдори низоми идоракунии захираҳои об роҳандозӣ гардидааст.

Хулоса, тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири маҷмуӣ ба равандҳои табиӣ ва бахшҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ расонида, стратегияи идоракунии устувори сарватҳои табиӣ ва мутобиқшавии комплексӣ дар асоси маълумотҳои ­илмӣ-таҳқиқотӣ кам кардани осебпазирии экосистемаҳоро ташкил мекунанд. Тақвият бахшидани кор дар ин самт барои рушди устувори Ватани азизамон нақши муҳим дорад.

Зарафо ҚИЁМЗОДА,

Дилафрӯз САИДӢ,

Ориф АМИРЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон