6-уми майи соли 2025 дар доираи омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо — омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ» мизи мудаввар баргузор шуд.
Иброз гардид, ки чорабинии мазкур дар асоси нақшаи кори Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон бо мақсади ҳамовозӣ ба ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир карда мешавад.
Таъкид шуд, ки ҳама мушкилоти экологии сайёра ба солимии аҳолӣ бетаъсир намемонад. Некуаҳволӣ, рушди иқтисодӣ ва солимии насли оянда аз солимии табиат вобастагии зич дорад. Муносибати ғайриоқилона бо табиат, зиёд гаштани талаботи саноат ба об, равандҳои биёбоншавӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди об метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.
Зикр гардид, ки беш аз 60 фоизи обҳои ошомидании кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумҳурии мо сарчашма мегиранд ва ин захираҳои об бояд ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошта шаванд.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»